Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон размоишҳои СПАД оғоз мешаванд


Вазорати мудофиаи Қирғизистон хабар дод, ки аз 7 то 9 сентябр дар минтақаи "Эделвейс"-и вилояти Иссиқкӯл размоишҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) баргузор мешаванд.

Дар ин размоиш низомиҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва ситоди муттаҳидаи СПАД ширкат мекунад.

Дар моҳи август Қазоқистону Узбекистон дар алоҳидагӣ размоиш гузарониданд. Дар Тоҷикистон низ дар якҷогӣ бо низомиҳои Узбекистону Русия размоиш баргузор шуд.

Тамринҳои омодабоши неруҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоле баргузор мешавад, ки моҳи гузашта гуруҳи "Толибон" дар Афғонистон сари қудрат омад. Тасарруфи Кобул аз сӯи ин гурӯҳи тундгаро нигарониҳоро дар кишварҳои минтақа бештар кардааст.

Дар СПАД Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон узв ҳастанд.

XS
SM
MD
LG