Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Салиби Сурх бо сафари серӯза вориди Кобул шуд


Питер Маурер, раиси Кумитаи Байнулмилалии Салиби Сурх
Питер Маурер, раиси Кумитаи Байнулмилалии Салиби Сурх

Раиси Кумитаи Байнулмилалии Салиби Сурх 5-уми сентябр бо сафари серӯза вориди Афғонистон шуд. Питер Маурер нақша дорад, ки аз бемористонҳо ва марказҳои ҳимоят аз қурбониёни хушунат дидан кунад. Мулоқоти ӯ бо кормандони Салиби Сурх ва мақомоти маҳаллӣ дар Афғонистон низ дар назар аст. Ҳоло гуруҳи Толибон назорат бар ин кишварро ба даст дорад, вале то ҳанӯз ҳукумати нави худро ташкил накарда ва эътирофи байнулмилалиро ҳам ба даст наовардааст. “Афғонистониҳо аз ҷанги 40-сола азият кашидаанд ва ҳоло барои табобат ва сиҳат шудан бояд солҳо кор кунанд. Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ба натиҷае расид, ки ин ҷо бимонад ва дар барқарорсозӣ ёрӣ кунад”, -- гуфт Маурер. Вай афзуд, ояндаи афғонҳо ба идомаи "сармоягузории ҷаҳони берун" вобаста аст.

XS
SM
MD
LG