Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳроб Раҳимов, муовини собиқи раиси Кӯлоб бо ҷарима аз толори додгоҳ озод шуд. ВИДЕО


 Суҳроб Раҳимов, муовини пешини раиси шаҳри Кӯлоб
Суҳроб Раҳимов, муовини пешини раиси шаҳри Кӯлоб

Додгоҳи Кӯлоб Суҳроб Раҳимов, муовини пешини раиси шаҳри Кӯлобро, ки бо иттиҳоми қаллобӣ ва сӯистифода аз мансаб боздошт шуда буд, 72 ҳазор сомонӣ ҷарима кард ва аз толори додгоҳ озод намуд.

Ин мансабдор рӯзи 5-уми июли соли равон аз ҷониби мақомоти амниятӣ боздошт ва бо ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ айбдор дониста шуд. Мақомот гуфта буданд, ки Раҳимов ҳангоми гирифтани пора боздошт гашт ва айбаш собит шудааст. Пайвандон ва худи Раҳимов дар ин бора назар надоданд.

Ҳукми ӯ миёнаҳои моҳи август содир шудааст.

Дар додгоҳи Кӯлоб 3-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки муовини собиқи шаҳрдор зарари расида аз амалашро барқарор кард ва озод шуд.

“Қонун барои чунин ҷиноят ҷарима талаб мекунад. Вақте зарар барқарор шуд, айбдоршаванда бо ҷарима озод мешавад”,--гуфтанд дар додгоҳи Кӯлоб.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Собиқ муовини шаҳрдори Кӯлоб бо пардохти ҷарима ба озодӣ баромад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:11 0:00

Мақомот гуфта буданд, ки Суҳроб Раҳимовро дар коргоҳаш, ҳангоми гирифтани пора, боздошт кардаанд.

Суҳроб Раҳимов як сол пеш муовини шаҳрдори Кӯлоб таъйин шуда, то рӯзи боздошташ дар ин симат кор кард. Ӯ дар гузашта Идораи об ва “Ниҳолпарварӣ”-и шаҳрро раҳбарӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG