Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони Тоҷикистону Бритониё вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд


Акси Вазирони хориҷаи Тоҷикистону Бритониё Сироҷиддин Муҳриддин ва Доминик Рааб аз вебсайти ВКХ ҶТ
Акси Вазирони хориҷаи Тоҷикистону Бритониё Сироҷиддин Муҳриддин ва Доминик Рааб аз вебсайти ВКХ ҶТ

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки дар як сӯҳбати телефонии рӯзи 2-юми сентябр сарони идораҳои дипломатии Тоҷикистон ва Бритониё – Сироҷиддин Муҳриддин ва Доминик Рааб вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд, ки баъди 15-уми август аксар қаламравҳои ин кишвар, ба истиснои вилояти Панҷшер, зери назари гурӯҳи “Толибон” гузаштааст.

Дар изҳороти ВКХ Тоҷикистон омадааст, ки “дар ҷараёни тамос ба мушкилоти Афғонистон ва рушди кунунии вазъи буҳронии ин кишвар таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд”. Вазирони хориҷа инчунин оид ба масоили ҳамкории дуҷониба, “аз ҷумла дар самти таҳкими сарҳад ва тағйирёбии иқлим” гуфтугӯ кардаанд.

Хабаргузории русии Интерфакс бо такя ба изҳороти ВКХ Бритониё, ки дар Твиттери ин ниҳод чоп шудааст, мегӯяд, Рааб ва Муҳриддин ҳамкории ду ҷониб дар масоили Афғонистонро баррасӣ карданд. Рааб гуфтааст: “Мо шабонарӯзӣ бо шарикони минтақавии худ ҳамкорӣ мекунем. Ман бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сӯҳбат карда саҳми кишварҳоямон дар мусоидат ба эътидол дар минтақа ва ҳалли бӯҳрони башарии Афғонистонро баррасӣ кардем”.

Хабар аз ин бештар иттилоъ намедиҳад, аз ҷумла маълум нест, ки то куҷо Бритониё аз ҳамсояи наздиктарини Афғонистон дар кӯмак ба пешбурди барномаҳои кӯмак ба ин кишвар дархости кӯмаку ҳамкорӣ кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон қаблан гуфтаанд, ҳукумати Толибонро, агар он бо ҷалби аъзои фарогири ҷомеа таъсис нашавад ва хушунату зулмро пеша кунад, эътироф нахоҳад кард. Бино ба иттилои вазорати корҳои хориҷии ИМА, Тоҷикистон яке аз 13 давлатест, ки барои берун бурдани муҳимот ва мардум аз Афғонистон ба кишварҳои эътилоф ба ҳайси кишвари транзитӣ мусоидат мекунад. Тоҷикистон гуфтааст, шароити қабули паноҳҷӯёни афғонро надорад.

Бритониё – як муттафиқи муҳими ИМА дар Афғонистон гуфт, ки моҳи август 9 ҳазор шаҳрвандони худ ва афғонистониҳои ҳаёташон дар хатар бударо берун бурдааст, вале ҳамоно садҳо шаҳрванди дигараш дар Афғонистон буда, интизори кӯмаки ҳукумат дар тарки Афғонистон кардани онҳо мебошанд.

XS
SM
MD
LG