Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доминик Рааб бо мақомоти Қатар вазъияти Афғонистонро баррасӣ мекунад


Доминик Рааб, вазири хориҷаи Бритониё ба саволҳо дар бораи сиёсати ин кишвар дар қиболи Афғонистон посух медиҳад. 1-уми сентябр, Лондон
Доминик Рааб, вазири хориҷаи Бритониё ба саволҳо дар бораи сиёсати ин кишвар дар қиболи Афғонистон посух медиҳад. 1-уми сентябр, Лондон

Вазири хориҷаи Бритониё Доминик Рааб рӯзи 2-юми сентябр дар шаҳри Давҳа бо амири Қатар ва вазири хориҷаи ин кишвар вазъи Афғонистон ва талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ барои азсаргирии кори фурудгоҳи Кобулро баррасӣ мекунад. Фурудгоҳ барои ироаи кӯмакҳои башардӯстонаву идомаи интиқоли хориҷиҳо ва дигар нафарони гурезон аз режими “Толибон” муҳим аст. Сафари Рааб дар ҳоле сурат мегирад, ки баъди беш аз ду ҳафтаи таҳти назорати "Толибон" гузаштани Кобул интизор меравад аъзои ҳукумати нав эълон шавад. Аҳмадулло Муттақӣ, як узви “Толибон” рӯзи 2-юми август дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, ки дар дохили қасри президенти Афғонистон дар Кобул омодагӣ ба ин маросим ҷараён дорад ва ТВ “Тулӯъ” гуфт, ки эълони хабари таъсиси ҳукумати нав ногузир садо медиҳад.

ИМА ва муттафиқонаш аз 14 то 31-уми август дар як амалиёти шитобзада тавонистанд 123 ҳазор хориҷиву афғонистониҳоро аз Кобул ба хориҷа баранд, чун баъди 20 соли суқути ҳукумати “Толибон” ин гурӯҳ дубора сари қудрат меояд.

Ҳоло хатари он ба вуҷуд омадааст, ки афғонҳои барои кишварҳои ғарбӣ кӯмаккарда дар ҳолати ногувор мемонанд. СММ аз “Толибон” тақозо кардааст, ки барои хосторони тарки Афғонистон кардан долони амне барои берун рафтан аз кишвар пешкаш намоянд.

XS
SM
MD
LG