Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Украина бо Байден мулоқот мекунад ва ёрии низомӣ мехоҳад


Владимир Зеленский ва Ҷо Байден
Владимир Зеленский ва Ҷо Байден

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳурии Украина, рӯзи 1-уми сентябр дар Кохи Сафед бо президенти Амрико, Ҷо Байден, мулоқоту гуфтугӯ мекунад. Интизор меравад, Зеленский аз Байден барои дафъи ҳуҷумҳои Русия замонатҳои ҷиддии амниятӣ ва кумакҳои иловагии низомӣ дархост кунад.

Ин мулоқот дар ҳоле баргузор мешавад, ки Русия омодагиҳоро барои як машқи низомӣ дар марзи Украина оғоз кардааст.

Дар аввалҳои имсол низ Русия беш аз 100 ҳазор сарбоз ва таҷҳизоти зиёди низомиро дар сарҳад бо Украина ҷобаҷо карда буд. Вашингтон он замон ин амалкарди Русияро талош барои эҷоди тарсу ваҳшат дар Украина номид.

Украина хоҳони пайвастан ба ниҳодҳои ғарбӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо ва НАТО мебошад ва Русия аз ин амр нороҳат аст, чун кишварҳои славянизабонро минтақаҳои зери нуфузи худ медонад.

Киев ҳамчунин хостори кумакҳои бештари Иёлоти Муттаҳида барои муқовимат дар баробари ҳамлаҳои Русия мебошад, ки дар соли 2014 Қримро ишғол кард ва аз ҷудоихоҳони ду минтақа дар шарқи Украина пуштибонӣ намуд. Дар ҷангҳои ҳафт соли охир дар Украина беш аз 13 ҳазору 200 нафар ҷон бохтанд.

Пеш аз мулоқоти ду президент, Вашингтон рӯзи 30-юми август ба Киев то 60 миллион доллар кумаки низомӣ ваъда дод.

Ба иттилои расонаҳо, идораи Ҷо Байден дар иттилоияе ба Конгресси ин кишвар гуфт, ин баста кумакҳо ба далели "бештар шудани фаъолиятҳои низомии Русия дар марзҳои Украина" ба он кишвар дода хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG