Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси Покистон гуфт, 11 узви гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро дар Балуҷистон куштаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Пулиси Покистон хабар дод, ки воҳидҳои зиддитеррористии ин кишвар дар амалиёте дар вилояти Балуҷистон 11 ҷангҷӯйи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ё ДОИШ-ро куштаанд.

Мақомот гуфтанд, амалиёт рӯзи 31-уми август дар пинҳонгоҳи ҷангҷӯён дар ноҳияи Мастунг сурат гирифт. Ҷангҷӯён чанде пеш дар ин ноҳия ду афсари полисро кушта буданд.

Ба иттилои расмӣ, аз пинҳонгоҳи ҷангҷӯён камарбандҳои маргталабона, норинҷакҳои дастӣ ва силоҳ ёфтаву мусодира кардаанд. Вале воҳиди зиддитеррористии Покистон миллати ҷангҷӯёни кушташударо нагуфт.

Балуҷистон зуд-зуд саҳнаи ҳамлаҳои ҷангҷӯён ва эътирози гурӯҳҳое мешавад, ки истиқлоли ин вилояти аз газу маъдан бойи ҳаммарз бо Эрон ва Афғонистонро мехоҳанд.

Рӯзи 22-юми август бар асари таркиши мина дар Балуҷистон як афсари артиши Покистон кушта ва ду сарбози дигар захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG