Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии 7 ҳизб барои ширкат дар интихоботи Қирғизистон


"КОхи Сафед"-и Бишкек
"КОхи Сафед"-и Бишкек

Кумисюни марказии интихоботии Қирғизистон 31-уми август хабар дод, ки чаҳор ҳизби сиёсии ин кишвар қасди иштирок дар интихоботи порлумониро доранд.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии Кумисюн, ҳизби "Алянс", "Ҳизби сабзи Қирғизистон", "Жаратман Эл" ва "Ҳизби ватандӯстии ваҳдати Қирғизистон" 31-уми август ин ниҳодро расман огаҳ кардаанд, ки дар интихоботи порлумонии Қирғизистон иштирок мекунанд.

Аз ин пеш, ҳизбҳои "Сотсиал-демократӣ", "Улуттар Биримдиги" ва "Ишеним" аз омодагии худ барои иштирок дар интихоботи порлумонии Қирғизистон хабар дода буданд.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Содир Жапаров) 29-уми август фармони баргузории интихоботи порлумонии ин кишварро дар рӯзи 28-уми ноябри имсол имзо кард.

Кумисюни марказии интихоботии Қирғизистон гуфт, ҳизбҳои сиёсӣ дар давоми 5 рӯзи баъд аз имзои фармон бояд ин ниҳодро огаҳ кунанд, ки дар интихобот иштирок хоҳанд кард.

Тибқи тағйироти охир ба қонунгузории Қирғизистон, порлумони нави он кишвар 90 вакил хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG