Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифои Қазоқистон ба истеъфо рафт


Нурлан Эрмекбаев, вазири дифои Қазоқистон
Нурлан Эрмекбаев, вазири дифои Қазоқистон

Нурлан Эрмекбаев, вазири дифои Қазоқистон дар паи таркишҳои ахир дар як анбори низомӣ, ки боиси кушта шудани 15 нафар шуд, ба истеъфо рафт. Номаи истеъфои Эрмекбаевро рӯзи 31-уми август президенти ин кишвар Қосимжомарт Тоқаев имзо кард.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар додааст, ки дар пойгоҳи низомии вилояти Ҷамбули ин кишвар, ки ахиран таркиш ба амал омада буд, ҷасади як тани дигарро пайдо карданд. Вале шахсияти он ҳанӯз маълум нест.

"Ҳамин тариқ шумори қурбониёни таркиш ба 15 нафар расид", - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Дар миёни ҳалокшудаҳо кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулода, пойгоҳи низомӣ ва додситонии ҳарбии Қазоқистон низ ҳастанд.

Силсила таркишҳову сӯхтор дар пойгоҳи низомӣ дар ҷануби Қазоқистон 26 август ба амал омада, дар аввал дар бораи кушта шудани панҷ нафар ва захмӣ гаштани 90 тани дигар хабар дода мешуд.

Рӯзи 26-уми август Эрмекбаев дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ҳанӯз сабаби сар задани сӯхтор дар анбори низомии воқеъ дар шаҳри Ариси вилояти Ҷамбул маълум нест ва ҳама фарзияҳо, аз ҷумла, як амали махсус тарҳрезишуда будани ин ҳодиса таҳқиқ мешавад.

XS
SM
MD
LG