Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирон кам ба Русия рафтаанд: таъсири пандемия ё зиёд шудани ҷойҳои корӣ?


Муҳоҷире дар яке аз хиёбонҳои Маскав
Муҳоҷире дар яке аз хиёбонҳои Маскав

Мақомоти тоҷик мегӯянд, муҳоҷирати корӣ кам шудааст, ки ин ба таъсиси ҷойҳои корӣ вобастагӣ дорад, аммо мувофиқи омори Русия, баръакс муҳоҷирати тоҷикон ба ин кишвар ҳамасола зиёд мешавад. Дар таҳлили омори 8-солаи муҳоҷирати тоҷикистониён ба Русия ва ҷойҳои нави корӣ дар Тоҷикистон мебинем, ки муҳоҷират чӣ гуна тағйир ёфтааст ва пандемия ба он чӣ асар кардааст.

Президенти Тоҷикистон дар аввали сол гуфта буд, ки дар 8 соли охир шумораи муҳоҷирони корӣ 84% кам шудааст. Мақомоти тоҷик сабаби коҳиши ба муҳоҷрати корӣ рафтани аҳолиро дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар кишвар рабт медиҳанд.

Аммо омор бозгӯи он аст, ки коҳиши бештари муҳоҷират дар як соли охир ба таъсири пандемия рабт мегирад.

Миёни Тоҷикистону Русия аз моҳи марти соли 2020 парвозҳо ва рафту омади заминӣ қатъ шуд. Ҳарчанд хастсайрҳои чартерӣ ба роҳ монда шуданд, вале шумораи маҳдуди сокинон ба Русия мерафтанд ё аз онҷо бармегаштанд. Танҳо моҳи апрели имсол парвозҳо дубора ва қисман барқарор шудаанд. Аз рӯи оморҳои расмии Тоҷикистон дар соли 2020 нисбати соли 2019 ба муҳоҷират рафтани сокинон 77% коҳиш ёфтааст.

Дар ҳоле ки дар 7 соли гузашта, яъне то оғози пандемия сафари муҳоҷирон ба Русия 34% кам шудааст. Аммо оморҳои расмии Русия баръакс афзоиши сол аз соли муҳоҷирони кории тоҷикро нишон медиҳанд. Тибқи омори мақомоти Русия дар ҳафт сол 14% муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ дар Русия бештар шудааст.

Омори муҳоҷирати тоҷикистониён дар ҳафт соли охир
Омори муҳоҷирати тоҷикистониён дар ҳафт соли охир

Омори Тоҷикистону Русия дар бораи муҳоҷирон аз ҳамдигар ҳамеша ба маротиб фарқ мекунад. Русия шеваи ҳисоби муҳоҷирони кориро ошкор накардааст ва маълум нест, кадоме аз оморҳо дурустанд. Ба гуфтаи Саидасрор Саидов, сардори раёсати муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, воқеан, тафовут дар омори Тоҷикистон ва Русия ҷой дорад.

Саидов омори соли 2019-и Русияро мисол оварда гуфта буд: “1 миллиону 200 ҳазор ин омори умумие аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар давоми соли гузашта ба Русия рафтаанд. Ба ин қатор шаҳрвандоне, ки шиносномаи Русияро доранд, низ шомиланд. Ё онҳое, ки ба нияти таҳсил ё сафари корӣ рафтаанд. Аммо ба ҳисоби миёна дар як сол то ним миллион нафар ба Русия ба нияти кор мераванд. Масалан, дар соли гузашта (2019) 484 ҳазор нафар ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафта буданд."

Мақомоти Тоҷикистон кушиш мекунанд, нақши муҳоҷиронро дар пешбурди иқтисоди кишвар камранг намоиш диҳанд. Камшавии муҳоҷиронро ба зиёд шудани ҷойҳои нави корӣ дар кишвар рабт медиҳанд.

Дар 8 сол таъсиси ҷойҳои нави корӣ то 7% кам шудааст

Ба ҳисоби миёна дар Тоҷикистон солона ҳудуди 188 ҳазор ҷойҳои нави корӣ офарида мешавад. Агар ба 8 соли охир назар кунем, мебинем, ки таъсиси ҷойҳои нави корӣ сол аз сол коҳиш меёбад. Дар ҳашт соли охир 7% таъсиси ҷойҳои нави корӣ кам шудааст, яъне агар дар соли 2013 205333 ҷойи корӣ сохта шуда бошад, дар соли 2020 191820 ҷои корӣ сохта шудааст. Дар ҳоле ки дар ин муддат 6% шумораи сокинони қобили меҳнат афзоиш ёфтааст.

Омори коҳиши ҷойи корӣ дар Тоҷикистон
Омори коҳиши ҷойи корӣ дар Тоҷикистон

Аммо коршиносон мегӯянд, раванди муҳоҷирати корӣ дар Русия на ба таврест, ки омори расмӣ нишон медиҳад.

Раҳмон Ӯлмасов, пажӯҳишгари тоҷик, ки масоили муҳоҷиратро пайгирӣ мекунад, мегӯяд: "Муҳоҷирони тоҷик, ки сари вақт шартномаи кор ва ё патентро ба даст оварда наметавонанд, ҳар се моҳ марзи Русияро боре убур карда, аз нав вориди ин кишвар мешаванд. Барои мисол, нафаре дар як сол се бор марзи Русияву Қазоқистон ё Украинаро мегузарад ва се бор дар мақомоти марзбонӣ сабти ном мешавад. Ҳамингуна омори вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия меафзояд. Дар асл ин миқдор муҳоҷирон дар ин кишвар нестанд."

Коршиносон бар ин назаранд, ки бо вуҷуди фарқият дар омори муҳоҷирон ҳукумати кишвар бояд ҳарчӣ бештар сокинонро дар дохили кишвар бо кор таъмин кунад. Ба гуфтаи коршиносон ҷойҳои нави корие, ки солона сохта мешавад, бо сабаби маоши кам доштан ва мавсимӣ будани қисме аз онҳо наметавонад ҳамаи муҳоҷирони дар ватан мондаро бо кор таъмин кунад.

Як бахши азими иқтисоди Тоҷикистон аз ҳисоби даромади муҳоҷирон пеш меравад. Шаҳрвандони Тоҷикистон асосан ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд.

Муҳоҷирони корӣ дар 8 соли гузашта ба ҳисоби миёна солона ҳудуди 2,70 миллиард доллар ба ватан фиристодаанд. Бинобар арзёбии созмонҳои байналмилалӣ даромади ҳар чорумин хонавода дар Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ аст. Қисми азими Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон, ки аз ҳисоби пули фиристодаи муҳоҷирон таъмин мешавад, барои ин кишвар афзоиши муҳоҷират ва камбуди ҷойҳои корӣ масъалаи ҷиддӣ боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG