Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Орлеани Нав бо ҳамлаи як тӯфони пуршиддате рӯбарӯ шуд. АКС


Марде дар назди мавҷи азими оби кӯли Пончартрейн акс мегирад. 29 август, Орлеани Нав
Марде дар назди мавҷи азими оби кӯли Пончартрейн акс мегирад. 29 август, Орлеани Нав

Дар як офати бесобиқае шаҳри Орлеани Нав дар аёлати Луизиана, ки дар ҷануби кишвар ҷойгир аст, мавриди ҳамлаи тӯфони азиме бо номи «Ида» қарор гирифт. Ширкати барқи Entergy хабар дод, ки бо сабаби таъсири харобиовари тӯфон ба хатҳои барқи маҳаллӣ, 40 ҳазор сокин аз барқ маҳрум шуданд. Ҳоло, ба гуфтаи ин ниҳод, танҳо генераторҳо кор мекунанд.

Маркази миллии пешгирӣ аз тӯфонҳо рӯзи 29-уми август гуфт, ки тӯфон дар самти ғарбии Орлеани Нав бедодгарӣ мекард. Ҳисоб шудааст, ки суръати бод ба ҳангоми омадани тӯфон 185 км дар соат буд ва аз назари шиддат ва обхезиҳое, ки дар пай дошт, ба дараҷаи 3-и меъёри тӯфонҳо бароварда шуд. Тадриҷан суръати бод то 240 км дар соат афзуд ва шиддати он ба тӯфони дараҷаи 4 баромад, ки яке аз ду дараҷаи пуршиддати тӯфон ба шумор меравад. Ин навъи бодҳо тавони осебрасонӣ ба хонаҳои мардум, вайрон кардани роҳҳо, решакан кардани дарахтон ва кандани сутун ва хатҳои барқро доранд. Маъмулан чанд ҳафтаву моҳҳо лозим аст, ки ин ҳама харобиҳо таъмир шавад.

XS
SM
MD
LG