Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маас: Узбекистон омода аст марзашро ба афғонҳое, ки ҳаёташон таҳти хатар аст, боз кунад


Ҳейко Маас, вазири корҳои хориҷии Олмон. 29-уми август, Анталия, Туркия
Ҳейко Маас, вазири корҳои хориҷии Олмон. 29-уми август, Анталия, Туркия

Ҳейко Маас, вазири корҳои хориҷии Олмон гуфт, Узбекистон мехоҳад сарҳадашро барои он гурӯҳи афғонҳо боз кунад, ки дар феҳристи давлати Олмон ҳамчун афроди ҳаёташон мавриди хатар дар режими Толибон ёд мешавад. Маас рӯзи 30 август дар чаҳорчӯби сафари чоррӯзааш ба Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна ба Тошканд сафар кард. Дар хабарҳои расмӣ гуфта мешавад, ки мавзӯи кӯмак дар берун бурдани гурӯҳи нафарони ҳаёташон таҳти хатар аз Афғонистон, мисли фаъолони ҳуқуқ ва журналистон - дар маркази гуфтугӯҳо хоҳад буд. Дар пасманзари сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон, Олмон гуфтааст, ки ният дорад 40 ҳазор нафарро аз Афғонистон берун барад ва ё дар кишварҳои дигар ҷой диҳад. Маас дар сӯҳбат бо журналистон гуфт, “Узбекистон омода аст, ки дар ин кор ба мо кӯмак кунад”.

Баъди Узбекистон Маас то шоми 30-юми август ба Тоҷикистон меравад. Феълан маълум нест, ки дар ин сафар бо кадом мақомоти тоҷик гуфтугӯ хоҳад кард.

Рӯзи 31-уми август ӯ дар Исломобод, пойтахти Покистон ва дигар ҳамсояи наздики Афғонистон бо мақомоти маҳаллӣ дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

Рӯзи 29-уми август дар Туркия Маас ваъда дод, ки ба кишварҳое, ки бо Афғонистон сарҳадҳои заминӣ доранд, ёрии башардӯстона мерасонад. Дар ин сафар Маас ҳамчунин ба Қатар сафар мекунад, ки он ҷо қарор аст бо мақомоти Толибон гуфтугӯ анҷом диҳад.

Ин сафар дар ҳоле ҷараён дорад, ки нирӯҳои амрикоӣ ва бархе кишварҳои боқимондаи эътилофӣ шитоб доранд, ки то 31-уми август Афғонистонро тарк кунанд.

XS
SM
MD
LG