Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Фаронса гуфт, сарбозонашро аз Ироқ берун намекунад


Эмануэл Макрон, президенти Фаронса ба Ироқ сафар кард
Эмануэл Макрон, президенти Фаронса ба Ироқ сафар кард

Эмануэл Макрон, президенти Фаронса гуфт, нерӯҳояш дар Ироқ барои мубориза бо терроризм боқӣ мемонанд.

Ӯ рӯзи 28-уми август дар нишасти минтақавӣ дар Бағдод ширкат кард ва гуфт, “новобаста аз қарори амрикоиҳо мо ҳузурамонро дар Ироқ барои мубориза бо терроризм ҳифз мекунем.”

Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз хатари гуруҳи “Давлати исломӣ” дар Ироқ вуҷуд дорад.

Макрон бо Мустафо ал-Қозимӣ вохурд, ки ӯ Фаронсаро шарики аслии Ироқ “дар мубориза бо терроризм” медонад.

Нишасти Бағдод ва изҳороти ширкатдорони он дар пасманзари бӯҳрони Афғонистон зери соя монд.

Гуруҳи тундрави ДОИШ таркиши маргбори рӯзи 26-уми август дар фурудгоҳи Кобулро бар душ гирифт. Ин гуруҳ соли 2014 дар ҳудуди Ироқ ва Сурия эъломи хилофат карда буд.

XS
SM
MD
LG