Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар посух ба ҳамлаҳои маргбор дар Кобул ду узви ДОИШ-ро куштаанд


Ҳамлаҳои маргбор дар канори фурудгоҳи Кобул садҳо кушта ва захмӣ баҷо гузошт
Ҳамлаҳои маргбор дар канори фурудгоҳи Кобул садҳо кушта ва захмӣ баҷо гузошт

Мақомоти низомии Амрико гуфтанд, дар ҷавоб ба ҳамлаҳои маргталабона дар канори фурудгоҳи Кобул рӯзи 28-уми август ду узви гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ-ро куштаанд.

Генерал-майор Ҳенк Тэйлор дар нишасти хабарӣ гуфт, дар натиҷаи ҳамла дар шарқи Нангарҳор як "тарроҳ" ва як шахси кумаккунанда ба ҳамлаҳо кушта шуданд. Ба иттилои ӯ, як узви дигари ДОИШ захмӣ шуда, "ғайринизомиён осеб надидаанд".

"Мо иттилооте доштем, ки ба мо иҷоза медод, ин ҳамларо анҷом диҳем", -- афзуд Тэйлор, бе он ки ҷузъиёти дигари амалиётро ошкор кунад.

Ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ ба болои ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" пас аз ду рӯзи ҳамлаҳои маргбор дар канори фурудгоҳи Кобул анҷом шуд. Дар ин ҳамлаҳо 170 афғон ва 13 сарбози амрикоӣ кушта, даҳҳо каси дигар захмӣ шуданд.

Масъулияти ҳамлаҳоро шохаи "Хуросон"-и гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба дӯш гирифт.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико, рӯзи 26-уми август гуфта буд, ки тарроҳони ҳамларо намебахшанд.

XS
SM
MD
LG