Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

29 август дар Қазоқистон рӯзи мотами миллӣ эълон шуд


Инҳо мегӯянд, ки пайвандонашон дар сӯхтор осеб дидаанд. 27-уми августи 2021
Инҳо мегӯянд, ки пайвандонашон дар сӯхтор осеб дидаанд. 27-уми августи 2021

29-уми августро дар Қазоқистон рӯзи мотами миллӣ эълон карданд. Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии ин кишвар, гуфт, рӯзи якшанбе ёди онҳоеро гиромӣ медоранд, ки дар сӯхтори анбори аслиҳа дар вилояти Ҷамбул ҳалок шуданд.

"Низомиён ва маъмурони наҷот қаҳрамонӣ ва фидокории ҳақиқӣ нишон доданд. Онҳо дар хотири халқ ҷовидон мемонанд", -- гуфтааст Тоқеав дар изҳороти расмӣ.

Бар асари сӯхтор дар анбори аслиҳа дар вилояти Ҷамбули Қазоқистон 13 нафар ҷон бохта, даҳҳо каси дигар захмӣ шудаанд. Ҳодиса 26-уми август рӯй дод.

Нурлан Эрмекбоев, вазири мудофиаи Қазоқистон, рӯзи 27-уми август дар нишасти матбуотӣ гуфт, сабаби сӯхтор дар қисми ҳарбии вилояти Ҷамбул маълум нест. Аммо афзуд, ҳама фарзияҳо, аз ҷумла, тарҳрезишуда будани ҳодиса таҳқиқ мешавад.

Эрмекбоев гуфт, дар анбор беш аз 500 тонна маводи таркандаро нигоҳ медоштанд, ки пас аз инфиҷори мушобеҳ (монанд) дар соли 2019 аз як муассисаи шаҳри Арис оварда буданд. Дар ҳодисаи ду сол пеш чаҳор нафар кушта, ҳазорон манзил вайрон ва 40 ҳазор кас саргардон шуданд.

XS
SM
MD
LG