Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Волидони 84 ҳазор кӯдаки қирғизистонӣ дар муҳоҷират ҳастанд


Жилдиз Бакашова, муовини раиси девони вазирони Қирғизистон гуфт, "волидони 84 ҳазор кӯдак дар муҳоҷират ҳастанд" ва афзуд, "мутаассифона, кӯдакони муҳоҷирони меҳнатӣ мавриди хушунат қарор мегиранд".

Дар як ҷаласа бо ҳузури мақомоти босалоҳияти Қирғизистон масъалаи ҳимоят аз муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҷустуҷӯи афроди гумшуда дар хориҷи он кишвар баррасӣ шудааст. Жилдиз Бакашова гуфт, ки девони вазирони Қирғизистон омода аст, дар бахши ҳимоят аз ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мусоидат кунад.

Ба иттилои расмӣ, наздики 1 миллион қирғизистонӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад. Бештари онҳо дар Русия ва қисман дар Туркияву Қазоқистон кор мекунанд. Ба илова, дар солҳои охир теъдоди онҳое ҳам меафзояд, ки ба ИМА ва Аврупо мераванд.

XS
SM
MD
LG