Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон дастхатҳои қадимиро ба намоиш гузоштанд. ВИДЕО


Намоишгоҳи дастхатҳои бостонӣ дар осорхонаи миллии Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши дастхатҳои қадимӣ, аз ҷумла, дастхатҳо бар рӯйи чарму санг ва матоъро оғоз карданд. Гуфта мешавад, дар марказҳои илмии Тоҷикистон беш аз 35 ҳазор дастхати қадимӣ маҳфузанд ва пажӯҳишгарон аз рӯйи онҳо равандҳои рушди илму фарҳанг ва адабиёт муайян мекунанд.

Ҳангоми даромадан ба толори намоиши дастхатҳои қадимӣ дар Осорхонаи миллӣ аввал чашми бинанда ба чаҳор пора чарме меафтад, ки болои он бо хатти арабӣ навиштаанд. Дуртар Қуръон дида мешавад, ки соли 1319-и ҳиҷрӣ китобат шудааст.

Алишер Зарифов, корманди илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон, гуфт, дар намоиши дастхатҳои қадимӣ 120 нигора манзури сокинон шудааст, ки дар асрҳои гуногун хаттотӣ шудаанд.

“Баъзе аз олимон бар ин ақидаанд, ки ин намунаи хатти куфии болои чарм аст. Аз рӯйи мазмуну мундариҷаи ин матнҳо бармеояд, ки маънои онҳо ба оятҳои Қуръон, ба ҳадисҳои паёмбар он қадар наздикӣ надорад. Ба ҳамин хотир, то ҳол матни болои ин порчаҳои чарм дақиқ пажӯҳиш нашудааст”, -- шарҳ дод Зарифов.

Ба гуфтаи ӯ, ҳаккокӣ дар рӯйи санг мутааллиқ ба қарнҳои 13-15 аст, ки асосан аз деҳаҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ва Айнӣ ёфт шудаанд. Дар шарҳи китоби бузургтарини Қуръон дар Осорхона Алишер Зарифов гуфт, “ин китоб ҳам аз лиҳози таърихӣ ва ҳам аз лиҳози илмӣ ва ҳам аз лиҳози ҳунарӣ арзиши баланд дорад.”

Дар робита ба дастхатҳо дар рӯйи матоъ Алишер Зарифов гуфт, ҳамаи онҳо таърихи на камтар аз садсола доранд ва дар баъзе аз нигораҳо мисраъҳо аз шоирони бузурги тоҷик хаттотӣ шудааст.

Бо паҳншавии бемории COVID-19 теъдоди тамошобинон дар толорҳои Осорхона чандон зиёд нест. Аҳмад Шарифзода, сокини Душанберо дар Осорхона дидем. Мегӯяд, тамошои дастхатҳо ӯро ба қадимӣ будани ҳунар ва фарҳанги тоҷикон бештар боварманд кардааст.

Масъулони Осорхонаи миллии Тоҷикистон гуфтанд, дар ин муассиса боз ҳудуди 700 дастнавису китобҳои қадимӣ маҳфузанд, ки бо мурури замон ба намоиш гузошта мешаванд.

Дар назди Осорхона кумисюни вижаи коршиносон фаъол аст, ки шаҳрвандон ба онҳо нигораҳои қадимиро оварда, мефурӯшанд. Дар баъзе аз ҳолатҳо Осорхона дастнависҳои қадимиро вобаста ба аҳамияту қадимӣ буданаш бо арзиши то 15 ҳазор сомонӣ аз сокинон мегирад.

Пажӯҳишгарон баргузории намоиши дастхатҳои қадимиро барои рушди илми тоҷик муҳим арзёбӣ мекунанд. Ба бовари Саидхоҷа Ализода, пажӯҳишгари тоҷик, “аксар дастнависҳое, ки дар мо ва дар китобхонаи миллӣ ҳифз карда мешаванд, дастнависҳое ҳастанд, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ китобат шудаанд ва муаллифони бештари дастнависҳо худи мардуми бумии Осиёи Марказӣ, хусусан тоҷикон мебошанд”.

Гуфта мешавад, бештаре аз дастхатҳои қадимии Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар солҳои баъд аз касби истиқлол харида шудаанд ва дар бойгонии муассиса маҳфуз мебошанд.

Ҳамзамон дар Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ беш аз 35 ҳазор дастхатҳои қадимӣ нигаҳдорӣ ва аз сӯи донишмандони тоҷик пажӯҳиш мешаванд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG