Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигорони бидуни марз: кори 100 расона дар Афғонистон қатъ шуд


Телевизиони "Тулӯъ". Акс аз соли 2018
Телевизиони "Тулӯъ". Акс аз соли 2018

Як созмони ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон мегӯяд, сарфи назар аз ваъдаҳо дар бораи эҳтироми озодии матбуот Толибон маҳдудияти зиёд ҷорӣ намуда, мехоҳанд воситаҳои ахбори умумро таҳти назорат қарор диҳанд. Созмони "Рӯзноманигорони бидуни марз", ки марказаш дар пойтахти Фаронса мебошад, дирӯз изҳороте пахш намуда, иброз дошт, ки дар Кобулу Ҷалолобод камаш 10 рӯзноманигор ба ҳангоми иҷрои вазифаҳояшон бо ҳамла ва ё таҳдиди ҳамла мувоҷеҳ шудаанд. Созмон навиштааст, ки бо омадани Толибон дар Афғонистон тахминан 100 расонаи мустақил фаъолиятро қатъ кард. Як корманди телевизиони хусусӣ, ки нахост номаш ошкор шавад, гуфтааст, фармондеҳони Толибон ҳама чизро назорат карда, дастур медиҳанд, ки хабарнигорон чӣ гӯянд.

XS
SM
MD
LG