Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон гуфт, таъмини барқ ба Афғонистон мутобиқи созиш идома дорад


Мақомоти Узбекистон гуфтанд, бо вуҷуди ин ки дар Афғонистон қудратро ҷангиёни гурӯҳи Толибон ба даст гирифтаанд, Тошканд мутобиқ бо ӯҳдадориҳош амал карда, ба Афғонистон нирӯи барқ интиқол медиҳад. Вазорати энержии Узбекистон рӯзи 24-ми август бо нашри изҳороте гуфт, ки “таъмини нирӯи барқ мутобиқ бо ҷадвали муайяншуда бетанаффус таъмин мешавад”.

Вазорати энержӣ гуфт, ки тобистон ба хотири афзоиши содироти барқ аз Тоҷикистон одатан истифодаи барқ аз Узбекистон кам мешавад. Шабакаи миллии барқи Узбекистон соли 2019 бо ширкати барқи Афғонистон DABS созишнома имзо кард, ки бар асоси он ба ин ширкат дар давоми 10 сол то 6 миллиард киловатт-соат барқ таъмин мешавад. Ин барқ бар ивази маблағи пардохтшуда дода мешавад. Ҳаҷми шабонарӯзии умумии барқи аз Узбекистон ба Афғонистон ирсолшаванда тахминан 35 мегаватт соат барқро ташкил медиҳад. Узбекистону Афғонистон инчунин созишномаи сохтмони хати барқи “Сурхон-Пули Хумрӣ”-ро имзо кардааст, ки 260 км тӯл дошта, таъмини кишвар бо нирӯи барқро афзоиш медиҳад.

XS
SM
MD
LG