Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Равшан" баъди ду моҳи ҷанҷол соҳиби сармураббӣ шуд


Дастаи футболи "Равшан"-и Кӯлоб соҳиби сармураббии нав шуд. Ҳудуди ду моҳ қабл Ғайраталӣ Мираҳмадов, сармураббии тими футболи "Равшан"-и Кӯлоб пас аз ихтилофҳо дар ин даста, аз мақомаш истеъфо дода буд. Шуморе аз бозигарон ва сармураббӣ якдигарро дар бурузи ин ихтилоф айбдор мекарданд.

Дар дастаи "Равшан"-и Кӯлоб рӯзи 23-юми август иттилоъ доданд, ки ҳамакнун Наҷмиддин Толибов ҷойгузини Ғайраталӣ Мираҳмадов шудааст. Ин мутахассиси 58-солаи футболи тоҷик қаблан дар ҳайати дастаҳои "Вахш" ва "Регар" бозӣ кардааст. Ӯ чанд сол сармураббии дастаҳои футболи "Энергетика" ва "Регар" низ буд.

Ихтилоф миёни бозингарон ва сармураббии дастаи "Равшан" дар аввали моҳи июн баъди мусовӣ анҷом ёфтани бозӣ бо дастаи ССКА-и Душанбе ба миён омад. Дар пайи ин ихтилофҳо, "Равшан" рӯзи 6-уми июн бозиаш бо дастаи "Кӯктош"-и ноҳияи Рӯдакиро бидуни сармураббӣ баргузор кард.

Бозингарон дар як номаи дастаҷамъӣ ба муассисон шикоят карданд, ки натиҷаҳои соли гузашта боиси "аз худ рафтан"-и сармураббӣ гашта, дар мавсими нави футбол боиси нокомиҳо гашт. Дар як мактуб бо имзои 21 бозигари тими "Равшан" футболзонон навиштанд, бо ҳамин сабабҳо дигар намехоҳанд бо сармураббии феълӣ мавсими имсоларо пушти сар кунанд. Аммо сармураббии даста гуфт, ки ин ихтилоф на миёни ӯ, балки аввал аз миёни худи бозингарон оғоз шуд.

"Равшан"-и Кӯлоб аз дастаҳои сермухлиси футболи Тоҷикистон ба шумор меравад. Дастаи "Равшан" соли гузашта барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуд ва дар марҳилаи гуруҳии Ҷоми AFC-2021 ширкат кард. Ин даста дар ҳоли ҳозир бо 19 имтиёз миёни 10 тими Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар мақоми шашум қарор дорад.

Ёздаҳ сол пеш бошгоҳи футболи “Равшан”-и Кӯлоб дар вазъи мушкил қарор гирифта, ширкаташ дар мусобиқоти Лигаи олӣ зери суол рафта буд. Ин даста дар пайи дахолати раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон наҷот ёфт ва ширкаташро дар мусобиқаҳо идома дод. Вале баъди ҳашт сол дастаи "Равшан" дигарбора ба мушкилӣ молӣ дучор шуд ва маҷбур шуд, автобуси ҳадякардаи президент Эмомалӣ Раҳмонро фурӯхта дар Лигаи аввали футбол мавқеашро нигоҳ дорад.

Дастаро то соли гузашта ҳукумати шаҳр ва вилоят сарпарастӣ мекард, аммо баъди баромадан ба Лигаи олӣ, сарпарастии дастаро бозори "Ҳоҷи Шариф” ба ӯҳда гирифтааст. Бошгоҳи футболи “Равшан”-и Кӯлоб яке аз дастаҳои сермухлистарин дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

XS
SM
MD
LG