Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден дар бораи афзоиши парвозҳо аз Афғонистон гуфт


Низомиёни Бритониё ба бурдани мусофирон ёрӣ мекунанд. 21-уми августи 2021
Низомиёни Бритониё ба бурдани мусофирон ёрӣ мекунанд. 21-уми августи 2021

Ҷо Байден, президенти Амрико, гуфт, ҷараёни берун бурдани мардум аз Афғонистон вусъат меёбад. Ин дар ҳолест, ки ҳазорҳо сокини Афғонистон ҳамоно дар талоши тарки Кобул роҳ ба сӯйи фурудгоҳро пур кардаанд.

Байден 22-юми август ҳангоми суханрониаш дар Кохи Сафед гуфт, (аз 14-уми август) 28 ҳазор нафар аз Афғонистон берун бурда шуданд. 11 ҳазор нафари онҳо рӯзҳои истироҳат рафтаанд.

Зоҳиран ин омор на танҳо парвози низомиёни амрикоӣ, балки парвозҳои чартерӣ ва ҳам ҳавопаймоҳои кишварҳои муттафиқи Иёлоти Муттаҳидаро дар бар мегирад.

Раиси ҷумҳурии Амрико ҳамчунин гуфт, имкони дароз кардани муҳлати аз Афғонистон берун шудани нирӯҳоро баъди 31-уми август бо тими амнияти миллиаш баррасӣ мекунад. Дар ин сурат, ба гуфтаи ӯ, амнияти берун бурдани шаҳрвандони Амрико, хориҷиён ва афғонҳое, ки ҳаёташон зери хатар аст, таъмин хоҳад шуд.

“Мехоҳам, рӯшан бигӯям, ки берун бурдани ҳазорҳо нафар аз Кобул сахту дарднок хоҳад буд. Мо хеле зиёд кор мекунем ва талош дорем, ҳар чӣ зуд мардумро берун бубарем”, -- афзуд Байден.

Ҳазорҳо нирӯи Амрико, Бритониё ва нирӯҳои эътилофӣ назорат бар фурудгоҳи Кобулро дар дасти худ нигаҳ медоранд. Амнияти нишастану бархостани ҳавопаймоҳои ҷангиву низомӣ ва мулкӣ ҳам ба дасти онҳост.

Байден гуфт, низомиёни ИМА бо “Толибон” барои берун бурдани мардум дар тамос мебошад ва ин гурӯҳ ҳам “дар масъалаи тавсеаи баъзе корҳо ҳамкорӣ нишон медиҳад”.

XS
SM
MD
LG