Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Головной" дубора мавзӯи баҳс мешавад? Нигарониҳо аз хандақҳои ду тарафи об. ВИДЕО


"Головной", маркази тақсими об дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Моҳи майи 2021

Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро ба кандани хандақҳо дар наздикии "Головной", маркази тақсими об дар сарҳад, ки чаҳор моҳ пеш сабаби задухӯрди хунин шуда буд, гунаҳкор кардааст. Хадамоти марзбонии ин кишвар 22-юми август дар эъломияе гуфт, танҳо пас аз эътирози онҳо ва музокироти мансабдорони ду тараф, Тоҷикистон кандани хандақҳоро бас кард.

Мақомоти Тоҷикистон аслан дар ин бора иттилоъ надодаанд. Баъзе аз манобеъ дар Исфара кандани хандақҳоро инкор накарданд, аммо ҳамзамон гуфтанд, "дар ин сурат бояд ҷониби Қирғизистон низ хандақҳои сохтаи худро вайрон кунад".

Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, "тахминан соати дувоздаҳи 21-уми август шаҳрвандони Тоҷикистон бо истифода аз техникаҳои махсус – экскаватор ва КАМАЗ – ба кофтани хандақҳо дар тарафи ғарбии дарёи Оқсу шуруъ карданд."

Дарёе, ки аз он об ба заминҳои кишоварзӣ тақсим мешавад, ҷониби Тоҷикистон “дарёи Исфара” ном мебарад, ҷониби Қирғизистон “Оқсу” мегӯяд. Дарозии он 107 километр аст.

"Ҳангоми дақиқ кардани вазъият муайян карда шуд, ки ин корҳоро шаҳрдории Исфара (Тоҷикистон) анҷом додааст. Пас аз он зуд вохӯрии намояндагони сарҳадии Қирғизистон ва ҷумҳурии ҳамсоя сурат гирифт. Дар пайи музокирот, ки соати 17:30 баргузор шуд, тарафи Тоҷикистон таъмири роҳ ва кандани хандақҳоро қатъ кард", -- гуфтаанд дар Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Наворро инҷо бинед:

Нигаронӣ аз хандақкобӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00

Мақомоти ҳукумати Исфара низ вазъиятро шарҳ надодаанд. Маълум нест, ҳодиса чӣ гуна сурат гирифтааст ва оё Тоҷикистон дар фикри кандани хандақҳо аст?

Ин дар ҳолест, ки чанд манбаъ дар Исфара "кор" дар наздикии Маркази тақсими обро рад накарданд, аммо иддаои ҷониби Қирғизистонро "воҳима" донистанд.

Исматуллои Раҷаб, сокини Чоркӯҳ, бо нашри наворе дар Фейсбук 22-юми август аз маҳалли ҳодиса навишт, "вақте худашон ба сохтмони хандақҳои бетонӣ оғоз карданд, чизе набуд. Акнун, ки Тоҷикистон дар замини худ ба сохтмон оғоз кард, дарҳол аз пашша фил месозанд."

Ғафурҷон Ҷӯраев, раиси маҳаллаи Тоҷикон дар Исфара, низ 22-юми август дар саҳифааш дар Фейсбук гуфтааст, "ягон ҳуқуқ надоранд, ки ҷониби Тоҷикистонро барои кандани хандақҳо гунаҳкор созанд. Имрӯз дар “Головной” будам ва дидам, ки қирғизҳо чӣ хел хандақҳо кофта, бетон карда, ба ҷанг омодагӣ дидаанд."

Дар як моҳи охир бори чаҳорум аст, ки мақомот ва расонаҳои Қирғизистон тарафи Тоҷикистонро ба амалҳои, ба гуфтаи онҳо, таҳрикомез гунаҳкор мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон дар ин росто сукут ихтиёр мекунанд. 22-юми август тарафи Қирғизистон ҳамчунин гуфт, гуё мошинҳои шаҳрвандонаш дар роҳи Бодканд-Исфана аз тарафи Тоҷикистон сангборон шудаанд.

Номи "Головной" дар ҳоле дар робита ба баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон дигарбора расонаӣ мешавад, ки охири моҳи апрели имсол насби дурбини назоратӣ дар онҷо ба муноқишаи мусаллаҳона сабаб гардид.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар он рӯйдод 19 нафар кушта, 87 захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон кушташудаҳои худро 36 ва захмиёнашро 154 нафар эълом доштааст. Додситониҳои ҳарду кишвар барои пажӯҳиши ҳодиса парвандаҳои ҷиноӣ кушодаанд.

Дарозии марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 970-980 километрро ташкил медиҳад, ки аз он то имрӯз танҳо 519 километри он муайян ва нишонагузорӣ шудааст. Қисматҳои боқимондаи сарҳад баҳсӣ ҳастанд ва ҳарчанд вақт мояи ҷанҷолу задухӯрд миёни сокинон ва нерӯҳои ду кишвар мешаванд.

Шарҳҳоро бинед (10)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG