Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймои низомии Украина 83 кас, аз ҷумла 52 хориҷиро аз Кобул берун овард


Дмитро Кулеба, вазири умури хориҷии Украина
Дмитро Кулеба, вазири умури хориҷии Украина

Вазири корҳои хориҷии Украина гуфт, ки як ҳавопаймои низомии ин кишвар рӯзи 23-юми август 83 нафар, аз ҷумла хабарнигорон, фаъолон ва занону кӯдакони афғонро аз Кобул берун овард.

Ҳазорон нафаре, ки мехоҳанд аз "Толибон", ҳокимони нави Афғонистон, бигурезанд, дар фурудгоҳи Кобул ҷамъ шудаанд. Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои дигар кӯшиш мекунанд, ки ҳазорон дипломату ғайринизомиён ва инчунин афғонҳоро берун баранд. "Толибон" рӯзи 15-уми август назорат бар Афғонистонро ба даст гирифт.

Дмитро Кулеба, вазири корҳои хориҷии Украина, рӯзи 22-юми август дар Твиттер навишт, "имрӯз ҳавопаймои низомии Украина 83 кас – 31 украинӣ ва боқимонда хориҷиён, аз ҷумла хабарнигорон ва фаъолони ҳуқуқи башарро аз Кобул берун овард."

Вай афзудааст, "ҳамаи онҳо дар ҷойи амн дар Киев ҳастанд. Мо мардуми худро танҳо намегузорем ва ба дигарон низ кумак мекунем."

Дар изҳороти дигар дафтари раёсати ҷумҳурии Украина хабар дод, ки беш аз 100 шаҳрванди ин кишвар дар Афғонистон мондаанд.

Ҳафтаи гузашта Украина ба берун шудани Саҳро Каримӣ, коргардони афғон, аз Кобул ёрӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG