Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи Афғонистон дар ҷаласаи изтирории НАТО баррасӣ мешавад


12-уми август. Толибон дар кӯчаҳои шаҳри Ғазнӣ
12-уми август. Толибон дар кӯчаҳои шаҳри Ғазнӣ

Кишварҳои узви НАТО амалиёти тарки Афғонистон ва ояндаи равобит бо Толибонро дар як ҷаласае баррасӣ хоҳанд кард. Интизор меравад, ки рӯзи 20-уми август дар ҷаласаи изтирории НАТО президенти ИМА Ҷо Байден ҳам суханронӣ кунад. Байден барои берун рафтани нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон мавриди интиқоди шадид аст. Мавзӯи сӯҳбатҳои Байден, аз ҷумла, ба сарнавишти ҳазорҳо афғонҳое бахшида мешавад, ки дар гузашта ҳамкори НАТО буданду ҳоло бо омадани Толибон ҷонашон дар хатар аст.

Ҷангиён талош доранд шаҳрвандони Афғонистон ва ҳам ҷомеаи байналмилалиро мутақоид кунанд, ки ҳукумате дар чаҳорчӯби шариати исломӣ месозанд ва хостори сулҳ ва як ҳукумати фарогир мебошанд. Онҳо инчунин ваъда доданд, ки қассогирӣ намекунанд ва онҳоеро, ки бо хориҷиҳову ҳукумат кор кардаанд, даст намерасонанд. Вале бисёрҳо, бо назардошти гузаштаи Толибон, ба ҳарфу амали онҳо бовар надоранд.

Як гузориши СММ аз 19-уми август мегӯяд, Толибон ҷустуҷӯи онҳоеро, ки бо нирӯҳои ИМА-ву НАТО ва ҳам ҳукумати Афғонистон ҳамкорӣ кардаанд, вусъат бахшидаанд ва ҳоло ин нафарон ва аъзои оилаҳои онҳо таҳти хатари шиканҷа шудан қарор доранд.

XS
SM
MD
LG