Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев гуфт, Тоҷикистону Узбекистон ва Туркманистон ҳам бояд ба Авруосиё бипайванданд


Нурсултон Назарбоев, президенти собиқи Қазоқистон ва роҳбари фахрии Иттиҳоди иқтисодии Авросиё гуфтааст, Тоҷикистон Узбекистон ва ҳам Туркманистон ҳам бояд ба ин иттиҳод бипайванданд.

Назарбоев зимн мулоқот бо Михаил Мишустин нахуствазири Русия дар шаҳри Остона пойтахти Қазоқистон гуфт, "Иттиҳоди иқтисодии Авроосиёро бояд қавитар кард ва барои ин бояд Тоҷикистон ва Узбекистон -- ҳамсоякишварҳои мо шомили он шаванд". "Бо Турманистон ҳам бояд кор кард, то ки шомили иттиҳод шавад",- гуфтааст ӯ.


Мулоқоти Назарбоев бо Мишустин қабл аз нишасти нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авросиё сурат гирифт, ки дар Қирғизистон доир мешавад.

Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аз соли 2015 зери назар Русия амал мекунад ва ҳоло ба ҷуз Русия, чор кишвар Белорус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон шомил ҳастанд. Узбекистон дар ин иттиҳод мақоми нозирро дорад.

XS
SM
MD
LG