Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймои "Uzbekistan Airways" онҳоеро ба Олмон бурд, ки аз Афғонистон берун оварда шуданд


Ширкати "Uzbekistan Airways" хабар дод, ки ҳавопаймои он рӯзи панҷшанбе беш аз 200 нафареро аз Тошканд ба Франкфурт-на-Майне интиқол дод, ки аз Афғонистон берун оварда шуда буданд.

Вазорати дифои Олмон хабар дод, ки тавассути ҳавопаймои низомӣ нимаи рӯзи дувуми панҷшанбе 211 каси дигарро аз Кобул берун оварданд. Ҳамин тариқ шумори онҳое, ки аз Афғонистон тавассути Тошканд ба Олмон интиқол ёфтанд, ба 900 расид.

Пештар онҳоеро, ки аз Афғонистон ба Тошканд интиқол дода мешуданд, танҳо ҳавопаймоҳои ширкати "Lufthansa" ба Олмон мебурданд.

"Ягон нафари онҳое, ки аз Афғонистон берун оварда мешаванд, ҳаққи ворид шудан ба шаҳри Тошкандро надоранд", - иттилоъ медиҳад телевизиони "Узбекистон 24".

XS
SM
MD
LG