Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушунатҳо дар Афғонистон дар Рӯзи истиқлоли миллӣ. ВИДЕО


Таҷлил аз Рӯзи Истиқлоли Афғонистон дар Ҷалолбод, 19-уми августи соли 2021
Таҷлил аз Рӯзи Истиқлоли Афғонистон дар Ҷалолбод, 19-уми августи соли 2021

Бо парчами миллии Афғонистон ба кӯчаҳо баромадани мардум барои таҷлил аз ҷашни Истиқлоли ин кишвар дар чанд шаҳри он сабаби хушунат ва кушта шудани намоишгарон гаштааст.

Як шоҳид рӯзи 19-уми август ба хабаргузории Ройтерз гуфт, ки ҷангҷӯёни Толибон ба сӯи тазоҳургароне, ки парчами серангаи миллии Афғонистонро дар гирдиҳамоии рӯзи истиқлол барафроштанд, тирандозӣ карданд ва чанд нафар кушта шуд. Маълум набуд, ки одамон ба зарби тир кушта шуданд ё издиҳоми барангехташуда онҳоро поймол кард.

"Садҳо нафар ба кӯчаҳо баромаданд," - гуфт шоҳид Муҳаммад Салим. "Дар аввал ман тарсидам ва рафтан намехостам, аммо вақте ки яке аз ҳамсоягонам ҳамроҳ шуд, парчами дар хона доштаро бардоштам."

Рӯзи гузашта дар ҷараёни тазоҳуроти зидди Толибон дар Ҷалолобод дастикам як нафар дар ҳоле кушта шуд, ки бино бар хабарҳо, барои поин овардани парчами Толибон ва барафроштани байрақи серангаи миллии Афғонистон ҳадафи ҳамлаи толибҳо қарор гирифт.

Ин дар ҳолест, ки Толибон бо ғасби ҳокимият дар Кобул эълон кардаанд, ки даст ба зӯроварӣ намезананд, то худро дар чашми ҷаҳониён як ҳаракати навшуда ва мӯътадил намудор кунанд. Вале аз нигоҳи онҳо барафроштани парчами серангаи Афғонистон дар муқобили байрақи сафеди онҳо маънии эътирозро гирифтааст.

Лаҳзаҳои хушунат дар ин навор дида мешаванд.

Толибон низ Рӯзи истиқлол, ки аз зери назорати Бритониё берун шудани Афғонистонро дар соли 1919 дар назар дорад, бо пахши изҳороте ҷашн гирифтанд, ки "дар натиҷаи муқовимати ҷиҳодии мо маҷбур шуд, як қудрати дигари мағрури ҷаҳон, Иёлоти Муттаҳида, шикаст хӯрад ва аз қаламрави муқаддаси мо, Афғонистон, ақибнишинӣ кунад."

Ноиби аввали президенти Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ, ки талош дорад, мухолифони Толибонро гирдиҳам оварад, дар Твиттер навишт: "Ба онҳое, ки парчами миллиро бардоштаанд ва ба ин васила аз шаъну шарафи миллат ҳимоят мекунанд, пуштибонӣ мекунад."

Солеҳ аввали ин ҳафта эълом дошт, ки ӯ дар Афғонистон боқӣ мондааст ва пас аз фирори президент Ашраф Ғанӣ ва ишғол шудани Кобул аз тарафи Толибон сарпараст ё иҷрокунандаи вазифаи президент аст. 18-август маълум шуд, ки Ғанӣ дар Имороти Муттаҳидаи Араб аст ва дар видеое такрор кард, ки барои пешгирии хунрезӣ фирор кардааст.

Аз раҳпаймоиҳо ба муносибати Рӯзи Истиқлол, 19-август, дар Кобул, Ҷалолобод, инчунин вилоятҳои Пактиё ва Кунар низ хабар расид, аммо аз хушунат дар ҷараёни онҳо гузориш нашудааст.

Ба сурати умум, 19-август кӯчаҳои Кобул ором буданд ва ҷангҷӯёни мусаллаҳ пиёдаву савора дар хиёбонҳо мегаштанд. Дӯконҳо боз мешуданд, аммо, бонкҳо ва идораҳои давлатӣ баста мондаанд.

Хабарҳои он ки Толибон дар атрофи Фурудгоҳи байнулмилалии Кобул посгоҳҳо гузоштаанд ва аз рафтани шаҳрвандон ба фурудгоҳ пешгирӣ мекунанд, онҳоеро, ки мехоҳанд, кишварро тарк кунанд, ба ҳарос овардааст. Ин ҳам дар ҳоле ки кишварҳои хориҷӣ кӯчондани хоҳишмандонро афзоиш медиҳанд. Тибқи гузоришҳо, баъзе волидон кӯшиш карданд, ки кӯдакони хурдсолро аз девори фурудгоҳ дарун тела диҳанд, то касе ғами онҳоро хӯрад.

Мақомоти Толибон ва НАТО гуфтанд, ки тайи рӯзҳои ахир дар фурудгоҳ ва атрофи он 12 нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG