Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Горбачёв аз "қудрати афзоянда" дар Русия ҳушдор дод


Михаил Горбачёв. Акс аз соли 2018
Михаил Горбачёв. Акс аз соли 2018

Михаил Горбачёв, охирин раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ дар остонаи 30-юмин солгарди кудатои ноком барои ҳифзи низоми шӯравӣ гуфт, ҷомеаи Русия бояд ба “қудрати афзоянда” мухолифат нишон диҳад. Ин истилоҳест, ки онро маъмулан мухолифони президенти амалкунандаи Русия Владимир Путин ба кор мебаранд. Горбачёви 90-сола гуфт, дарси талоши кудатои августи соли 1991 имрӯз ҳам муҳим боқӣ мемонанд. Горбачёв дар изҳороте, ки матнаш 18-уми август дар вебсайти Бунёди Горбачёв нашр шуд, навишт: “Ҳимояи усулҳои демократӣ ва ҳукумати қонун, пешгирӣ аз ҳама гуна қудрати афзоянда ва амалҳои беандешона он чизест, ки ҷомеа ва давлат барои он масъулият дорад. Бовар дорам, ки рушди демократии Русия танҳо роҳи дуруст аст ва танҳо аз ҳамин роҳ кишвари мо метавонад пешқадам шуда ҳама мушкилоташро ҳал кунад”.

18-уми августи соли 1991 як гурӯҳи мақомдорони Иттиҳоди Шӯравӣ Горбачёвро дар дачааш дар нимҷазираи Қрим ба ҳабси хонагӣ гирифта ҳукумати гузорро таъсис доданд. Ҳадафи онҳо пешгирӣ аз ислоҳоти демократии горбачёвӣ буд.

XS
SM
MD
LG