Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ГКЧП – табаддулоте барои ҳифзи Шӯравӣ, ки бо нобудияш анҷом шуд. АКС, ВИДЕО


Такнҳо дар Маскав, 19-уми августи 1991
Такнҳо дар Маскав, 19-уми августи 1991

30 сол пеш гурӯҳе аз сарони ҳизбӣ ва давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ даст ба табаддулоти давлатӣ заданд, ки дар таърих бо номи ГКЧП ёд мешавад.

Онҳо таҳти сарварии ноиб-президенти СССР, Геннадий Янаев, ба ҳабси хонагии президенти ин кишвар Михаил Горбачёв дар осоишгоҳи Фороси Қрим дастур доданд ва хостанд, ҷилави давлатдориро ба дасти худ гиранд.

Табаддулоти 19-уми августи соли 1991 дар Маскав фақат се рӯз идома дошт. Аммо ин ҳодиса ҳалқаи аввал аз занҷири рӯйдодҳое шуд, ки таносуби нирӯҳои сиёсӣ ва мавзеъгириҳои сиёсиро дар аксар ҷумҳуриҳои вақти Шӯравӣ тағйир дод ва баъзе аз кишварҳо боис ба барканории раҳбарон шуд.

Ҳамин кудето, ки аслан ба хотири ҳифзи Иттиҳоди Шӯравӣ ба роҳ андохта буданд, баръакс, нуқтаи чархише шуд, ки алакай дар моҳи декабри соли 1991 ин Иттиҳодро аз ҳам фурӯ пошид ва дар ин шашяки рӯи замин 15 кишвари нави соҳибистиқлолро ба дунё овард.

Истиқлоли Тоҷикистон низ аз, ба истилоҳ "файз"-и ҳамин табаддулоти нокоми давлатӣ буд.

Видео аз бойгонии Озодӣ:

Вақте дар Маскав табаддулот шуд...
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:10 0:00
Линки мустақим

Мақомоти вақти Тоҷикистон тайи он 3 рӯзи пурталотум дар баробари ҳаводиси Маскав хомӯш буданд. Пас аз ноком шудани ГКЧП мақомот мавзеи худро бетарафӣ, вале мухолифини давлат, баръакс, ҳимояти хомӯшонаи Душанбе аз он табаддулот ба қалам доданд.

Чанде баъд бо иттиҳоми пуштибонӣ аз табаддулоти давлатӣ баъзе аз раҳбарони ҳизбӣ ва давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла раисҷумҳур Қаҳҳор Маҳкамов, аз мақом маҳрум шуданд, аммо рӯёрӯии андешаӣ ҳамоно идома кард ва оқибат ба ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 сабаб гардид.

Давлати Худоназар, ки соли 1991 раиси Иттиҳоди синамогарони Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳам узви Шӯрои Олии СССР аз Тоҷикистон буд, дар суҳбати чанд сол пеш бо Радиои Озодӣ гуфт, хабари табаддуллоти давлатиро дар Душанбе шунида, зуд озими Маскав шудааст.

Ӯ чунин нақл карда буд: "Ман ягона депутат аз Осиёи Миёна узви гурӯҳи байниминтақавии депутатҳо будам. Ва, аз ин рӯ, ғайримумкин буд, ки ман аз ГКЧП тарафдорӣ кунам. Рӯзи 19-уми август дар Душанбе будам ва якбора ба Маскав телефон кардам ва Иттифоқи кинематографистони СССР-ро ҳаматарафа муқобили ГКЧП сафарбар кардам... Дар ҳамон ҳавопаймо роҳбари Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов низ ба Маскав парвоз мекард. Бо Маҳкамов дар ҳавопаймо суҳбат ҳам доштам, фикру назари худро дар бораи ҳодиса ба ӯ гуфтам, вале нахост, ки ин суҳбатро идома диҳад ва хеста пеши пилотҳо рафту дигар то расидан ба Маскав аз он ҷо барнагашт."

Аввалин тазоҳурот алайҳи ГКЧП дар Тоҷикистонро Ҳизби коммунист ва алакай рӯзи 24-уми август дар толори Театри опера доир кард.

Раҳпаймоии дувум ба нишони эътироз ба талоши табаддулоти давлатӣ дар Маскав рӯзи 26-уми август, аммо ин бор бо ибтикори Ҳизби демократи Тоҷикистон ва низ дар ҳавлии Театри опера сурат гирифт.

Вале бузургтарин гирдиҳамоӣ ва нахустин иқдоми муштараки ташаккулҳои сиёсии мухолифини тоҷик рӯзи 29-уми август ва дар майдони марказии он вақт ба номи Ленини Душанбе баргузор шуд.

(Матн бо истифода аз матлабҳои пешинаи Радиои Озодӣ омода шудааст)

Аксҳои бештарро дар ГКЧП дар инҷо бинед:

XS
SM
MD
LG