Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон барои гурезаҳои афғон шаҳраки хаймаҳо ташкил шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти Узбекистон барои гурезаҳои Афғонистон паноҳгоҳеро ташкил кардаанд. Дар ин бора расонаи "Gazeta.uz" бо истинод ба табибоне хабар додааст, ки дар паноҳгоҳ кор мекунанд.

Ин хаймаҳо дар ноҳияи Тирмизи вилояти Сурхандарёи Узбекистон, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, насб шудаанд. Дар онҳо беш аз 100 гурезаи афғон ҷойгир карда шудааст.

Ҳаракати Толибон 15 август шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистонро тасарруф кард. Дар натиҷа қисме аз низомиёни он кишвар ба Узбекистону Тоҷикистон фирор карданд. Ба иттилои додситонии кулли Узбекистон, рӯзҳои 14 ва 15 август 24 чархболу 22 ҳавопаймои низомии Афғонистон ҳарими ҳавоии он кишварро нақз карданд.

Се ҳавопаймои "ЭМБРАЙЕР-314"-и Афғонистон рӯзи 15 август барои нишастан дар фурудгоҳи "Хонаобод"-и Қаршии Узбекистон дархости иҷозат кардаанд. Вале ба онҳо дастур шудааст, ба фурудгоҳи Тирмиз нишинанд. Барои ҳамроҳӣ кардани онҳо ду ҳавопаймои узбекии "МИГ-29" сафарбар карда шудааст.

Ҳавопаймои "МИГ-29"-и Узбекистон ҳангоми ҳамроҳӣ кардан дар осмони ноҳияи Шерободи вилояти Сурхандарё бо ҳавопаймои "ЭМБРАЙЕР-314" бархурдааст. Халабонҳои ҳар дуи ҳавопаймоҳо наҷот ёфтаанд.

Додситонии кулли Узбекистон афзуда, ки 15 август 158 шаҳрванд ва низомии Афғонистон аз рудхона гузашта, ғайриқонунӣ вориди ноҳияи Тирмизи Узбекистон шудаанд.

XS
SM
MD
LG