Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар панҷ сол 204 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шудаанд


Шиносномаи Русия
Шиносномаи Русия

Дар давоми панҷ соли охир беш аз 204 ҳазор сокини Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро пазируфтаанд.

Омори нашркардаи Вазорати корҳои дохилии Русия баёнгари он аст, ки аз миёни кишварҳои Осиёи Миёна беш аз ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон шиносномаи Русияро гирифтаанд. Танҳо дар шаш моҳи имсол 44 ҳазору 196 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамзамон шаҳрванди Русия шудаанд.

Тоҷикистону Русия дар бораи душаҳрвандӣ созишнома доранд. Яъне, шаҳрвандони ду кишвар метавонанд, ҳамзамон шиносномаи ҳарду давлатро дошта бошанд.

Бахше аз сокинони Тоҷикистон бо истифода аз барномаи кӯчбандии Русия ба ин кишвар муҳоҷират мекунанд, ки аксарияташон мутахассисони дорои маълумоти олӣ, аз ҷумла омӯзгорону духтурон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG