Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мактаберо, ки барои гурезаҳои афғон омода шуда буд, "ба ҳолати аввалаш баргардонданд"


Мақомоти шаҳри Чимкенти Қазоқистон мактаби рақами 120-ро дар маҳаллаи "Тоғус", ки барои гурезаҳои афғон ҳамчун паноҳгоҳи муваққатӣ омода шуда буд, "ба ҳолати аввалаш баргардонданд".

Чанд тан аз сокинони маҳаллаи мазкур дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки кормандони ҳолатҳои фавқулода бо мошинҳои махсус омада, катҳои хобро аз мактаб бурданд.

"Онҳо 15-уми август катҳоро оварда, гуфтанд, ки аз Афғонистон гурезаҳо меоянд. Мо барои 300 кас ҷой омода кардем. Вале кормандони ҳолатҳои фавқулода имрӯз омада, гуфтанд, ки гурезаҳо намеоянд ва катҳоро бояд ба анбор баргардонанд", - изҳор дошт як корманди мактаби мазкур.

Дар пайи ташаннуҷи авзоъ дар Афғонистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳое нашр шуд, ки гуё Қазоқистон як қисми гурезаҳои афғонро қабул мекунад. Як корманди хобгоҳи Коллеҷи рассомии шаҳри Чимкенти Қазоқистон ба шарти ифшо нашудани номаш ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ хабар дод, ки феълан барои гурезаҳои афғон ҷой омода мекунанд.

"Дастур шудааст, ки барои 350 гуреза аз Афғонистон ҷой омода кунем. Аз дирӯз то ҳол 100 ҷой омода кардаем", - изҳор дошта буд ӯ.

Дар шаҳдории Чимкент гуфтанд, ки дар бораи ҷойгиркунии гурезаҳои Афғонистон дар ҳудуди шаҳр чизе гуфта наметавонанд. Масъулони шаҳрдории Чимкент пешниҳод карданд, ки барои дарёфти иттилоъ дар ин бора ба мақомоти Нурсултон муроҷиат карда шавад.

XS
SM
MD
LG