Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ба Кобул расиданд. Баҳси супурдани "сулҳомез"-и қудрат


Садҳо нафар аз тарси Толибон ба Кобул паноҳ овардаанд

Ҷангҷӯёни гурӯҳи "Толибон" ба пойтахти Афғонистон, ягона минтақаи умдаи зери назорати ҳукумат расида, аммо гуфтаанд, ки онро "бо зӯрӣ" нахоҳанд гирифт.

Айни замон хабар дода мешавад, ки мансабдорони баландпоя роҳҳои интиқоли сулҳомези қудратро баҳс доранд. Иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои дохилии Афғонистон, Абдусаттор Мирзоквал, дар як паёми видеоӣ 15-уми август гуфт, интиқоли "осоишта" ба ҳукумати давраи гузариш ё давраи гузор хоҳад буд.

Як мансабдори афғон ба Associated Press гуфтааст, музокиракунандаҳои Толибон барои гуфтугӯ дар бораи интиқоли қудрат ба Кохи раёсати ҷумҳурии Афғонистон мераванд. Ин мақом, ки аз тарси интиқом аз ифшои номаш худдорӣ кард, гуфт, ҳадаф ба таври осоишта супурдани ҳукумат ба гуруҳи Толибон аст.

Сухангӯи Толибон ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки музокирот барои ба таври осоишта ба даст овардани қудрат идома дорад, вале тафсилот надод.

АЗ ОН ПЕШ...

Кохи раёсати ҷумҳури Афғонистон 15-уми август тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, дар чанд нуқтаи атрофи Кобул садои тирандозӣ шунида шуд, "вале нерӯҳои амниятӣ дар ҳамоҳангӣ бо шарикони байналмилалӣ шаҳрро назорат доранд."

"Воҳима накунед, Кобул дар амон аст", -- навишт Матин Бек, раиси дастгоҳи иҷроияи президент Ашраф Ғанӣ дар Твиттер.

Ин изҳорот пас аз он садо дод, ки Толибон гуфтанд, ният надоранд, пойтахти Афғонистонро "бо зӯр" бигиранд. Пештар баъзе аз мансбадорони афғон бе бурдани ном ба "Ассошиэйтед Пресс" гуфта буданд, ки Толибон дар ноҳияҳои Калакон, Қаробоғ ва Пағмони пойтахт қарор доранд.

Толибон гуфтанд, "ният надоранд, бо зӯр ва ҷанг ба шаҳр ворид шаванд, балки бо ҷониби дигар музокирот доранд, то бо роҳи осоишта вориди Кобул шаванд". Гурӯҳи мусаллаҳ гуфт, ба ҷангҷӯёни худ дастур додааст, дар дарвозаҳои пойтахти Афғонистон бимонанд.

Аз 34 вилоят, Толибон 24 маркази вилоятҳои Афғонистонро ба даст овардаанд. Шӯришиён субҳи 15-уми август, пас аз камтар аз 24 соати ишғоли Мазори Шариф, маркази вилояти Балх, шаҳри калидии Ҷалолободро бидуни ҷанг тасарруф карда, роҳи Кобулро ба шарқ буриданд.

Аз даст додани Ҷалолобод ва Мазори Шариф зарбаҳои пайиҳам барои президент Ашраф Ғанӣ аст, ки рӯзи 14-уми август дар як суханронии телевизионӣ ба мардум ваъда дод, аз "дастовардҳо"-и 20 соли гузашта даст намекашад.

Ҷангҷӯёни Толибон дар шаҳри Ҷалолобод, 15-уми августи 2021
Ҷангҷӯёни Толибон дар шаҳри Ҷалолобод, 15-уми августи 2021

Ҷангҷӯён рӯзи 15-уми август Майдоншаҳр, маркази Майдон Вардак, 90-километрии Кобул ва вилояти Бомиёнро ҳам бидуни ҷанг гирифтаанд.

Толибон дар як изҳорот гуфтанд, пешрафтҳои босуръати онҳо нишон медиҳад, ки аз ҷониби мардум пазируфта шудаанд. Онҳо айни замон ба афғонистониҳо ва хориҷиён итминон додаанд, ки дар амн хоҳанд буд.

Силсилаи рӯйдодҳо президенти Амрико Ҷо Байденро 14-уми август водор кард, ки ба фиристодани 1000 сарбози дигар ба Кобул иҷозат бидиҳад. Аз он пеш, 12-уми август, 3000 сарбозро барои бехатар баровардани шаҳрвандони Амрико аз Афғонистон фиристода буданд.

Чархболе дар наздикии сафорати Амрико дар Кобул. 15-уми августи 2021
Чархболе дар наздикии сафорати Амрико дар Кобул. 15-уми августи 2021

"Дар 20 соли ҷанг Амрико беҳтарин ҷавонҳои худро ба Афғонистон фиристод, тақрибан 1 триллион доллар сармоягузорӣ кард, беш аз 300 ҳазор сарбоз ва полисро омӯзонд ва онҳоро бо техникаи муосири низомӣ муҷаҳҳаз кард", -- гуфт Байден.

Вай афзуд, "боз як сол ё панҷ соли дигар мондани Амрико дар Афғонистон ҳеч маъно нахоҳад дошт, агар низомиёни афғон кишвари худро ҳифз карда наметавонанд ё ҳифз кардан намехоҳанд. Ҳузури беохири амрикоиҳо дар низои кишвари дигар барои ман пазируфтанӣ нест."

Қарор аст, низомиёни Амрико ва ҳампаймонҳояшон то охири моҳи августи имсол Афғонистонро тарк кунанд. Онҳо бист сол қабл, пас аз ҳамлаҳои террористӣ дар Амрико, бо ҳадафи саркӯби созмони "Ал-Қоида" ва сарнагунии режими Толибон ба Афғонистон омада буданд.

Дар ҳамин ҳол, даҳҳо ҳазор афғонистонӣ аз тарси бозгашт ба замони ҳукуматдории Толибон хонаҳои худро тарк мекунанд. Ин гурӯҳи ҷангҷӯ аз соли 1996 то 2001 Афғонистонро идора мекард ва қоидаҳои сахти шариатро ҷорӣ карда буд. Бино бар он, занон аз кору таҳсил маҳрум буда, бе ҳузури мардони хонавода ҳаққи берун рафтанро надоштанд.

Салима Мазорӣ, яке аз занони масъул дар шимоли Афғонистон, пеш аз вожгунии шаҳри Мазори Шариф дар суҳбат бо Associated Press аз ишғолгариҳои Толибон изҳори нигаронӣ карда буд. "Барои занон ҷой нахоҳад буд", - гуфт Мазорӣ ва афзуд, "дар вилоятҳое, ки Толибон зери назорат доранд... занҳо дар хонаҳои худ зиндонӣ ҳастанд."

Шарҳҳоро бинед (9)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG