Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи USAID дар Тоҷикистон: "Доштани омори дуруст дар бораи мушкилоти бузург ҳамеша хуб аст". ВИДЕО


Рэнди Колстад, иҷрокунандаи раҳбари намояндагии USAID дар Тоҷикистон.

Бо афзоиши шумораи гирифторони бемории COVID-19 дар Тоҷикистон, масъалаи ҷалби сокинон ба дарёфти ваксина ва шеваҳои мубориза ба ин беморӣ доғтар мешавад. Намояндагии Оҷонсии USAID дар Душанбе, аз созмонҳоест, ки дар мубориза бо пандемияи COVID-19, дастрасӣ ба ваксина ва кӯмак ба беморхонаҳо бо мақомоти Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад.

Рэнди Колстад, иҷрокунандаи раҳбари намояндагии Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ ё USAID дар Тоҷикистон рӯзи 12-уми август дар як мусоҳибаи ихтисосӣ дар робита ба паҳлуҳои мухталифи ин мавзуъ ба пурсишҳои Радиои Озодӣ посух дод.

Радиои Озодӣ: Шумо ба тозагӣ иҷрокунандаи раҳбари Оҷонсии USAID дар Тоҷикистон таъин шудед, дар ин мақом корро аз чӣ шурӯъ намудед?

Рэнди Колстад: Фаъолиятро аз як кори бузург оғоз кардем, ҳамагӣ 16 рӯз пеш тавонистем 1,5 миллион воя ваксинаи "Модерна"-ро барои мубориза бо коронавирус ба Тоҷикистон хайрия кунем. Ҳарчанд ваксина соати 3-и шаб ба Душанбе расид, худи ҳамон рӯз Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба гузаронидани ин ваксина оғоз кард, ки ин барои мо таъсирбахш буд. Ҳоло ин ваксина дар кишвар дастрас буда, 650 ҳазор нафар аввалин вояи "Модерна"-ро гирифтанд.

Радиои Озодӣ: Амрико дар даврони пандемия ба Тоҷикистон чӣ миқдор кӯмакҳо кард?

Рэнди Колстад: Ҳукумати Амрико ба Тоҷикистон тавонист дар мубориза бо пандемияи COVID-19 беш аз 9 миллион доллар ҷудо кунад. Ва он ба мо имкон дод, ки таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ, ниқобҳо, халатҳо ва амсоли инҳоро ба беморхонаҳо расонем, ба ташхисгоҳҳое, ки дар муайян кардани беморони COVID-19 кор мекунанд, кӯмак кардем, ки оксигенро таъмин кунанд ва ба табибон дар бораи чӣ гуна беҳтар истифода намудани оксиген барои муолиҷа маълумот додем.

Радиои Озодӣ: Чун сухан аз кӯмакҳо рафт, мегуфтед, ки USAID чӣ механизмҳои назорати тақсими кумакҳояш дар Тоҷикистонро дорад? Ҳамеша ин ёриҳо ба шахсон ё ниҳодҳои таъйиншуда рафта мерасанд?

Рэнди Колстад: USAID чанд роҳеро истифода мекунад, то кӯмакҳои мо ба ниёзмандон расад. Дар мавриди ваксинаҳо, масалан, президент Байден дар ҳама ҷо возеҳ қайд кардааст, ки ин ваксинаҳо бидуни шарт гузоштан тақсим карда мешаванд. Хурсандиовар аст, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон барои эм кардани одамон зуд амал кардааст. Мо ба мутахасисони техникӣ такя мекунем, ки ба онҳо шартнома дорем, то ба афроди ниёзманд кӯмак расонем. Ҳамеша талош мекунем, ки аз рӯи нақшаҳои миллӣ, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон муқаррар шудаанд, амал кунем ва тақсими ваксинаҳо низ аз рӯи нақшаи миллӣ сурат мегирад. Ҳамеша дар ҳамкории зич бо шарикони худ дар Вазорати тандурустӣ кор мекунем, то мутмаин бошем, ки кӯмакҳо ба дасти одамони ниёзманд мерасанд.

Радиои Озодӣ: Дар баробари тақдими кӯмакҳо, вазъи мубориза бо COVID-ро дар Тоҷикистон пайгирӣ мекунед, ба он чӣ гуна баҳо медиҳед?

Рэнди Колстад: Мубориза бо COVID-19 дар Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳо як мушкили бузург аст. Дар Тоҷикистон сокинон бояд ба эмкунӣ ҷалб карда шаванд ва бояд ҳамаи ваксинаҳои аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тасдиқшуда истифода шаванд. Гарчанде мо барои таъмини мардум ба ваксина ҳама корро карда истодаем, вале сокинон бояд қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд, ниқобҳоро ба таври дуруст андозанд, бовар ҳосил кунанд, ки ниқоб бинии онҳоро пушонидааст, на дар зери бинияшон воқеъ аст, бояд дастонашонро шӯянд, фосилаи иҷтимоиро риоя намуда, худро аз масофаи 2 метр аз ҳамдигар дур гиранд.

Намояндаи USAID: "Доштани омори дуруст дар бораи мушкилоти бузург ҳамеша хуб аст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:29 0:00

Радиои Озодӣ: Гоҳе дар бораи ҷалби иҷбории сокинон ба ваксинагирӣ нигарониҳо садо медиҳад, бо чунин шева мешавад сокинонро ҷалб кард?

Рэнди Колстад: Ман аз олами илм ҳастам ва ба дарёфтҳои илмӣ бовар дорам. Мо дар мавриди ваксиназании сокинон дар Иёлоти Муттаҳида низ мушкил дорем. Ҳолатҳое мешавад, ки эмкунии маҷбурии одамонро меомӯзем. Аз роҳи маҷбуркунӣ душвор аст, аммо тавре, ки гуфтам, беҳтар аст ваксинаро то ҳадди имкон шумори бештари одамон гиранд.

Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон ба омори расмии мубталоён ва фавтидагон аз коронавирус на ҳама бовар дорад, дар такия бо омори бардуруғ мешавад бо COVID-19 муборизаи муассир бурд?

Рэндӣ Колстад: Доштани омори дуруст дар бораи мушкилоти бузург ҳамеша хуб аст. Фикр мекунам, ки дар ягон кишвари дунё омори дақиқ дар бораи шумораи мубталоён вуҷуд дошта бошад. Баъзан дар беморхонаҳо ёфтани рақами дақиқ душвор аст. Ин аҷиб аст, масалан беморхонаҳои ИМА рақамҳоро тавассути факс пешниҳод мекунанд ва шумо тасаввур карда метавонед, ки агар касе ҳангоми ворид кардани он ба компютер дар ҳисобот иштибоҳ кунад, ба мушкилот рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ва проблема дар чист? Кай ман мефаҳмам, ки COVID-19 дорам? Вақте аз баниам об меравад ё вақте натиҷаи санҷишам мусбат мебарояд? Ва инҳо метавонад ду нафар бошанд, ки ҳар яки онҳо сироят ёфтаанд: яке тасмим гирифтааст аз санҷиш гузарад ва дигаре аз санҷиш намегузарад, танҳо шахсе, ки аз санҷиш гузаштааст, дар омор сабт карда мешавад. Ҳамин тариқ, доштани беҳтарин иттилоот дар мубориза бо ин беморӣ хеле муҳим аст ва эҳтимол доштани маълумоти дақиқ имконнопазир аст, албатта агар мо маълумоти мушаххасу дурусттар дар даст медоштем, ин кори моро осон мекард.

Радиои Озодӣ: Кӯмакҳо барои муқобила ба COVID-19, ба фаъолиятҳои шумо дар дигар бахшҳо таъсир гузошт?

Рэндӣ Колстад: Албатта, COVID-19 ба ҳамаи ҷабҳаҳо таъсири худро расонд, ҳатто барномаҳои мо барои ҳавасмандкунии рушди иқтисодӣ, дар мубориза бо камғизоӣ ва кӯмак ба кишоварзӣ - ҳама чиз тағйир ёфт.

Радиои Озодӣ: Раиси ҷумҳури Амрико ваъдаи тақдими ним миллиард воя ваксинаи Pfizer ба кишварҳои нодорро кард. Оё Тоҷикистон дар ин руйхат шомил аст?

Рэндӣ Колстад: Хеле шодам, ки ҳукумати ИМА ҳамчун донори калонтарин дар мубориза бар зидди COVID-19 худро муаррифӣ кардааст ва дар баробари ин ба COVAX 500 миллион вояи ваксинаи Pfizer дода шудааст. Бале Тоҷикистон низ дар рӯйхати давлатҳое, ки барои гирифтани ин вояҳо тартиб дода шудааст, дохил шудааст.

Аммо, ваксинаи Pfizer таҷҳизоти махсуси нигоҳдорӣ талаб мекунад. Мо инро таҷҳизоти анбори ултра хунук меномем. Ва дар ин ҷода мо бо ЮНИСЕФ ва дигар шарикон кор карда истодаем, то боварӣ ҳосил кунем, ки Тоҷикистон ин таҷҳизотро насб мекунад ва дар сурати муҳаё намудани чунин шароит ва боварӣ ҳосил намудан, воридоти чунин ваксинаҳо шурӯъ мешавад.

Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон гоҳе шикоятҳо мешавад, ки вақте одамон дозаи аввали бархе ваксинаҳоро мегиранд, дар гирифтани дозаи дувум мушкилӣ пеш меояд, чун он тамом шудааст. Оё дар нисбати ваксинаи "Модерна" чунин мушкил пеш нахоҳад омад ва агар чунин шуд, Шумо ба Тоҷикистон боз ваксина медиҳед?

Рэндӣ Колстад: Намедонам, гуфта наметавонам, ки оё ваксинаҳои бештар мустақиман аз Амрико ба Тоҷикистон хоҳанд омад ё на. Талошҳои мо воқеан ба афзоиши истеҳсоли ваксина дар Амрико ва ҳам дар кишварҳои дигари ҷаҳон нигаронида шудаанд. Ман медонам, ки шумораи бештари ваксинаҳо дар саросари ҷаҳон дастрас хоҳанд шуд ва Тоҷикистон бешубҳа аз ваксинаҳо баҳра хоҳад бурд. Мо 1,5 миллион воя ваксина ба Тоҷикистон хайрия кардем ва ин маънои онро дорад, ки 750,000 нафар эм карда мешаванд. Ва масъулини Вазорати тандурустӣ хеле оқилона рафтор карданд: онҳо 750,000 вояи аввалро ба шаҳру ноҳияҳо фиристонданд ва сипас пас аз 28-рӯз байни ду вояи онҳо 750,000 вояи дуввумро мефиристанд.

Радиои Озодӣ: Дар худи Амрико ахиран аз паҳншавии "Делта" -- намуди нави коронавирус нигарониҳо зиёд шудааст. Ҳукумати Амрико бо ин навъи беморӣ бо кадом шева мубориза мебарад?

Рэндӣ Колстад: Ин намунаи он аст, ки чӣ тавр мо дар бораи ин вирус, ки барои мо нисбатан нав аст, маълумоти бештар дошта бошем. Тақрибан ду ҳафта пеш, CDC (Маркази назорати бемориҳо) тавсия дод, ки дар ҳама ҷойҳое, ки интиқоли вирус зиёд аст, ниқоб пӯшанд. Ва то ба ҳол, ин ваксинаҳо самарнокии худро бар зидди навъи Delta-и вирус нишон медиҳанд. Ин албатта хабари хуш аст.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG