Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таалайбек Сарибашов мақоми шаҳрдори Бишкекро тарк кард


Таалайбек Сарибашов
Таалайбек Сарибашов

Таалайбек Сарибашов аз мақоми иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бишкек истеъфо дод. Дар як паёми видеоӣ, ки ёвари ӯ Азамат Абсатторов дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст, дар бораи ин тасмими Сарибашов хабар медиҳад.
Ба гуфти Сарибашов, ин қарорро худаш қабул кардааст ва дар ин ҷо ягон ангезаи сиёсӣ вуҷуд надорад.
Ӯ афзудааст, ки то ин дам се сол ҳамчун шаҳрдори Ӯш кор кардаву то ҳадди имкон ба мардум хидмат намудааст.
Вай қайд кард, ки дар моҳҳои наздик ӯ дар бораи нақшаҳои минбаъда гузориш хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG