Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА барои берун бурдани кормандони сафорат аз фурудгоҳи Кобул нирӯҳои иловагӣ мефиристад 


Низомиёни давлатӣ дар назди фурудгоҳи Кобул
Низомиёни давлатӣ дар назди фурудгоҳи Кобул

Дар ҳоле, ки ҷангиёни Толибон қаламравҳои ҳарчи бештарро дар саросари Афғонистон ишғол мекунанд, ИМА барои таъмини амнияти кӯч додани кормандони дипломатиаш ба фурудгоҳи Кобул нирӯҳои иловагиро сафарбар мекунад. Нед Прайс, сухангӯи Департаменти давлатӣ рӯзи 12-уми август ба журналистон гуфт, “дар шароити тағйирёбии вазъи амниятӣ дар кишвар мо ҳузури кормандони мулкиамонро дар Кобул коҳиш медиҳем”.

Сухангӯи Пентагон Ҷон Кирби гуфт, ки 3 ҳазор нирӯи иловагӣ ба сафи 650 сарбози дигар дар Кобул мепайвандад, то ки амнияти дипломатӣ таҳким дода шавад.

Ба гуфтаи Прайс, нирӯҳои иловагии амниятӣ ҳафтаҳои наздик барои кам кардани ҳузури кормандони мулкӣ мусоидат мекунанд, вале ин ба маънои “эвакуатсияи комил” нест ва сафорат дар макони имрӯза ба кораш идома медиҳад. Айни замон, ӯ тахмин кард, ки дафтари кории дипломатҳо ба бинои фурудгоҳ интиқол дода шавад. Прайс гуфт, ки феълан “сафорат боз мемонад ва мо ҳузури дипломатии худро дар ҳамон ҷой идома хоҳем дод”.

Сафорати ИМА дар Кобул аз шаҳрвандони ИМА тақозо кард, ки бо ҳавопаймоҳои тиҷоратӣ “билофосила” Афғонистонро тарк кунанд.

Дар изҳороти ҷудогонаи ҳукумати Бритониё гуфта мешавад, ки ин кишвар ҳам ба Афғонистон нирӯҳои иловагӣ мефиристад, то ки барои тарки кишвар кардани кормандонаш ва ҳам дар интиқоли афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ кардаанд, кӯмак кунанд.

Таҳаввулот босуръат тағйир меёбад ва ин дар ҳолест, ки бино ба арзёбиҳои мақомоти дифоии ИМА, ҷангиёни Толибон метавонанд пойтахти Кобулро дар 30 рӯзи наздик муҳосира карда дар 90 рӯзи дигар онро ишғол кунанд.

Аз шурӯи моҳи май Толибон ба амалиёти ишғолгарӣ оғоз карда, то ҳол 11 маркази вилоятҳои Афғонистонро ба даст овардаанд. Рӯзи 12-уми август Ҳирот – сеюмин шаҳри калонтарини кишвар ва ҳам Ғазнии ҷойгир дар макони стратегии пайвасткунандаи Кобул бо ҷануб ва воқеъ дар 120-километрии шаҳри Кобул аз ҷониби ҷангиён ишғол шуд.

Чанд рӯз пеш аз ин Толибон чандин шаҳри дигари пайвастшаванда бо Кобулро дар шимол, ғарб ва ҷануб ба даст оварданд.

XS
SM
MD
LG