Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА гуфт, дар баробари амният ва суботи Афғонистон ӯҳдадор боқӣ мемонад


Нақши парчами ИМА дар девори сафорати ИМА дар Кобул
Нақши парчами ИМА дар девори сафорати ИМА дар Кобул

Вазири дифоъ ва котиби давлатии ИМА ба президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ гуфтанд, бо вуҷуди қарори маҳдуд кардани шумори кормандони сафорат дар Кобул, ИМА “ӯҳдадории худро дар амри саҳмгузорӣ ба дифоъ аз амнияту суботи Афғонистон дар пешорӯи хушунати Толибон иҷро хоҳад кард”. Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ва вазири дифоъ Ллойд Остин рӯзи 12-уми август ин нуктаро дар сӯҳбати телефонӣ бо Ғанӣ баъди эълони кам шудани кормандони сафорат дар Кобул аз ҳисоби кормандони мулкӣ таъкид карданд. Нед Прайс, сухангӯи Департаменти давлатӣ гуфт, Ллойд ва Блинкен таъкид карданд, ки “ИМА барои тақвияти равобити дипломатӣ ва амниятӣ бо ҳукумати Афғонистон ӯҳдадор мемонанд”.

Қарор аст 3 ҳазор нирӯи иловагӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Кобул мустақар шаванд. Прайс гуфт, ки низомиён барои кам кардани шумори кормандони сафорат кӯмак мекунанд, вале ин андешаро рад кард, ки ин ҳолат тарки намояндагии дипломатии ИМА-ро дар назар дошта метавонад. Ӯ гуфт, ки дар ҳафтаҳои наздик шумори кормандон то ба ҳадди кормандони калидӣ маҳдуд мешавад ва афзуд, ки сафорат баста нахоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG