Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кадом кишварҳо ба ҷоизадорони Олимпиадаи Токио-2020 пули бештар доданд?


SHOOTING-OLY-2020-2021-TOKYO
SHOOTING-OLY-2020-2021-TOKYO

Маҷаллаи молиявӣ-иқтисодии Forbes феҳристи кишварҳоеро тартиб додааст, ки ба ҷоизадорони Олимпиадаи Токио-2020 аз ҳама зиёд пул пардохт кардаанд, хабар медиҳад "Спорт-Экспресс".

Дар ин феҳрист Италия пешсаф аст, ки ба барандагони ҷоизаҳо 9,07 миллион доллар пардохт намудааст. Шумораи умумии медалҳои онҳо дар Токио-2020 чилто мебошад - 10 тилло, 10 нуқра, 20 биринҷӣ.

Дар феҳристи Forbes ҷойи дувумро ИМА (7,84 миллион доллар бо 39 тилло, 41 нуқра, 33 биринҷӣ) касб кардааст. Фаронса (6,51 миллион доллар бо 10 тилло, 12 нуқра, 11 биринҷӣ) дар ҷойи севум қарор дорад.

Зикр шудааст, ки нашрия натавонист дар бораи дастаи ROC (Кумитаи олимпии Русия) маълумот бигирад, аз ин рӯ русиягиҳо ба ин рӯйхат шомил нашудаанд.

Феҳристи 10 кишвари пардохташ баландтарин барои ҷоизадорони Олимпиадаи Токио-2020 чунин аст:

1. Италия (9,07 миллион доллар)

2. ИМА (7,84 миллион доллар)

3. Фаронса (6,51 миллион доллар)

4. Венгрия (5,64 миллион доллар)

5. Тайван (4,92 миллион доллар)

6. Ҷопон (4,03 миллион доллар)

7. Испания (2,55 миллион доллар)

8. Туркия (2,26 миллион доллар)

9. Сербия (2,01 миллион доллар)

10. Ҳонконг (1,93 миллион доллар)

Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ аз 23-юми июл то 8-уми августи соли 2021 дар Токиои Ҷопон баргузор шуданд. Дар Бозиҳо 112059 варзишгар аз 205 кишвари ҷаҳон ва дастаи олимпии паноҳандагон ширкат карда, барои 339 маҷмуи медалҳо мубориза бурданд.

Ба ғолибон ва ҷоизадорон 2401 медал тақдим шуд. Бори аввал дар таърихи бозиҳо 93 кумитаи миллии олимпӣ соҳиби медал шуд, аз ҷумла се кумитаи миллии олимпӣ аввалин бор медали олимпӣ ба даст овард – Буркина Фасо, Туркманистон ва Сан-Марино, се кумитаи миллии олимпии дигар бори аввал барандаи медали тиллои олимпӣ гардид - Бермуда, Филиппин ва Қатар.

Дар ҷадвали ғайрирасмии ҳисоби медалҳо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 113 медал – 39 тилло, 41 нуқра, 33 биринҷӣ ҷойи аввалро соҳиб шуд. Чин бо касби 88 медал – 38 тилло, 32 нуқра, 18 биринҷӣ - дуюм, Ҷопон бо касби 58 медал – 27 тилло, 14 нуқра, 17 биринҷӣ – сеюм шуданд.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин Бритониё (22-21-22), Русия (20-28-23), Австралия (17-7-22), Нидерланд (10-12-14), Фаронса (10-12-11), Олмон (10-11-16) ва Италия (10-10-20) дохил шуданд.

Аз кишварҳои Шӯравии собиқ ба ҷуз аз Русия, варзишгарони Узбекистон (3-0-2), Гурҷистон (2-5-1), Украина (1-6-12), Беларус (1-3-3), Эстония (1-0-1), Латвия (1-0-1), Озарбойҷон (0-3-4), Арманистон (0-2-2), Қирғизистон (0-2-1), Литва (0-1-0), Туркманистон (0-1-0), Қазоқистон (0-0-8) ва Молдова (0-0-1) бо медалҳои Олимпиадаи Токио сазовор шуданд.

Вале Тоҷикистон, ки бо шумумли 10 варзишгар аз рӯи чор намуди варзиш (бокс, ҷудо, шиноварӣ ва варзиши сабук) дар Олимпиадаи Токио ширкат кард, ягона кишварест дар байни ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ, ки бе медал монд.

Миёни варзишгарон бошад, шиновари амрикоӣ Калеб Дрессел бо ба даст овардани 5 медали тилло дар садри ҷадвал қарор гирифт. Шиноварони Австралия Эмма Мкеон 7 медал (4 тилло, 3 биринҷӣ), Кейлӣ Мкеовн 4 медал (3 тилло, 1 биринҷӣ), камонвари Кореяи Ҷанубӣ Ан Сан 3 медали тилло, қайиқрони Зеландияи Нав Лиза Каррингтон 3 медали тилло, даванди амрикоӣ Элайнӣ Томпсон-Ҳераҳ 3 медали тилло ба даст оварданд.

XS
SM
MD
LG