Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сооронбой Ҷеенбековро дар доираи парвандаи "Қумтор" бозпурсӣ карданд


Сооронбой Ҷеенбеков, президенти пешини Қирғизистон ба ҳайси шоҳид дар доираи парвандаи "Қумтор" бозпурсӣ шудааст. Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки бозпурсӣ давраи сарвазирии Ҷеенбековро дар бар гирифтааст. КДАМ гуфт, нисбати вай тафтишот давом мекунад. Сооронбой Ҷеенбеков аз моҳи апрели соли 2016 то августи соли 2017 сарвазири Қирғизистон буд.

Дар доираи парвандаи ҷиноии фасодкорӣ дар кони тилои "Қумтор"-и Қирғизистон бародари Сооронбой - Асилбек Ҷеенбеков, сарвазири дигари пешини он кишвар Омурбек Бабанов, вакилони пешини порлумони Қирғизистон Исҳоқ Пирматов, Торобой Зулфиқоров ва Талантбек Узакбоев ва вакилону мансабдорони дигар боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG