Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон шаҳрҳои Қандаҳор ва Ҳиротро гирифтанд. Даргириҳо дар ҷануб идома дорад


Гуруҳи Толибон шаби гузашта Ҳирот -- севумин шаҳри калони Афғонистонро ишғол карданд. Даргириҳо миёни нерӯҳои давлативу хезишҳои мардумӣ бо Толибон аз чанд руз ба ин тараф идома дошт. Тибқи гузоришҳо, шаҳр Кандаҳор -- дувумин шаҳри бузурги Афғонистон ҳам ба дасти Толибон афтодааст. Рузи гузашта ҷангҷӯёни Толибон шаҳри стратегии Ғазниро дар ҷануби Кобул ба тасарруфи худ дароварда буданд. Ба ин тартиб, беш аз 10 вилоят дар Афғонистон тайи чанд рузи ахир ба дасти гурӯҳи Толибон афтодааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Афғонистон ба Толибон пешниҳод кардааст, ки ҷангро поён диҳанд ва дар қудрат шарик шаванд. Ба иттилои расонаҳо, ҳукумати Афғонистон ин пешниҳоди худро аз тариқи Қатар ба Толибон расондааст. Ҳанӯз маълум нест, ки Толибон ба ин тарҳи ҳукумат чӣ посух медиҳанд.

Аз сӯи дигар, дар пайи пешрафтҳои Толибон ва тасарруфи шаҳрҳои Ҳирот ва Кандаҳор, вазорати дифои Амрико рӯзи панҷшанбе эълон кард, ки ин кишвар се ҳазор нерӯи низомӣ ба таври муваққат барои берун кардани кормандони сафорати ин кишвар дар Кобул, ба Афғонистон мефиристад. Вазорати корҳои хориҷии Амрико эълон кардааст, ки сафорати ин кишвар ба фаъолияти худ дар Кобул идома медиҳад. Гуфта мешавад, ки ҳудуди 1400 корманди дар сафорати Амрико дар Кобул боқӣ мондаанд.

Хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" мегӯяд, тасмими ғайримунтазираи Амрико барои фиристодани нерӯ ба Афғонистон, нишонаи он аст, ки ИМА итминон ва боварии худро нисбат ба тавоноии артиши Афғонистон барои ҷилавгирӣ аз пешравиҳои Толибон аз даст додааст.

Ҷон Керби, сухангӯи Вазорати дифои Амрико гуфтааст, се ҳазор нерӯи амрикоӣ, ки қарор аст дар яке аз ду рузи оянда вориди фурудгоҳи Кобул шаванд, ба амният дар фурудгоҳ ва раванди хуруҷи афроди сафорат кӯмак хоҳанд кард ва қарор нест дар ҷанги давлати Афғонистон бо Толибон мушорикат кунанд.

Аз сӯи дигар, рӯзи панҷшанбе вазирони дифоъ ва корҳои хориҷии Амрико бо Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон телефонӣ суҳбат кардаанд.

Дар пайи хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ, ба вижа низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон, Толибон пешравиҳои худро оғоз карда ва бештар ноҳияҳо ё вулусволиҳоро тасарруф карданд. Аммо тайи рӯзҳои ахир ин гурӯҳ ба шаҳрҳо ҳамла карданд ва вилоятҳои Бадахшон, Тахор, Кундуз, Сарипул, Самангон, Ҷузҷон, Нимруз, Фароҳ, Ҳирот, Ғазнӣ ва Кандаҳорро ба таври комил дар ихтиёри худ гирифтанд.

XS
SM
MD
LG