Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камчатка: талош барои берун кашидани чархбол ва ҷасадҳо аз кӯл


Ҷустуҷӯи чархбол дар кӯли Курил. 12-уми августи соли 2021
Ҷустуҷӯи чархбол дар кӯли Курил. 12-уми августи соли 2021

Мақомот дар Русия гуфтанд, ки дар натиҷаи ба як кӯл дар Шарқи Дур афтодани чархболе бо 16 ҷаҳонгард, ҳашт нафар кушта шуда, ду нафар дар ҳолати сангин қарор доранд. Владимир Солодов, раиси минтақаи Камчатка гуфт, чархболи навъи Mi-8 субҳи панҷшанбе ба кӯли Курили воқеъ дар ҳудуди як мамнӯъгоҳи нимҷазираи Камчатка афтода ғарқ шуд. Кормандони мамнӯъгоҳи Кронотский, ки кӯли Камчатка дар ҳудуди он ҷойгир аст, нисфи мусофирони чархболро пайдо карданд ва ду нафари онҳо ҳоло бо ҷароҳатҳои сангин дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор доранд. Даҳҳо наҷотбахшону ғаввосон ҳам дар дохили кӯл кор карда ҳашт нафари боқимондаро ҷустуҷӯ доранд. Дар миёни онҳо, як халабон ва як кӯдак ҳам мебошанд.

Бовар меравад, ки чархбол дар чуқурии 130 метр афтодааст, гуфт Солодов. Ӯ гуфт, ки “мақомоти низомӣ тасдиқ карданд, ки барои кӯмак дар пайдо кардани чархболи нопадидшуда ва сарнишинони он роботҳои махсусро ба кор бурдаанд”. Ба иттилои масъулини мамнӯъгоҳ, ҳарорати оби кӯл 5-6 гарм дараҷа мебошад.

XS
SM
MD
LG