Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ парвози ҳавопаймоҳояшро ба Минск боздошт


Фурудгоҳи Минск
Фурудгоҳи Минск

Пас аз он ки Ироқ парвози ҳавопаймоҳояшро ба Минск, маркази Беларус, муваққатан боздошт, Иттиҳоди Аврупо 10-уми август ба муътадил шудани вазъи вобаста ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Литва изҳори умед кард.

Ахиран Латвия дар марз бо Беларус ҳолати изтирорӣ ҷорӣ кард. Литва қарор кард, ки барои роҳ надодан ба убури ғайриқонунии марзаш дар хати сарҳад бо Беларус девор бисозад.

Нахуст Литва ва баъд аз он ҳафтаҳои ахир Латвия ва Лаҳистон (Полша) гуфтанд, ки мавҷи муҳоҷирони ғайриқонуниро дар хати сарҳади худ бо Беларус сабт карданд.

Дар натиҷа, онҳо қарор карданд, ки муҳоҷиронро ба Беларус бозпас фиристанд. Полша, кишварҳои назди Балтика ва ҳам мақомоти Иттиҳоди Аврупо гуфтанд, ки мавҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ бо дастури раҳбари худкомаи Беларус Александр Лукашенко фиристода мешаванд.

Онҳо гуфтанд, хашми Лукашенко ба таҳримҳои аврупоиҳо барои саркӯби ҳаракатҳои демократӣ дар Беларус боис ба он шуд, ки аз муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба ҳайси силоҳ истифода кунанд.

Мақомоти аврупоӣ ба ҳукумати Ироқ ҳам фишор оварданд, то пеши роҳи муҳоҷирати ғайриқонуниро бигирад ва ҳафтаи ҷорӣ Бағдод гуфт, парвозҳоро ба пойтахти Беларус бозмедорад. Брюссел аз ин иқдоми Бағдод ситоиш кард.

XS
SM
MD
LG