Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон як судяро бо айби порагирӣ 9 сол зиндонӣ карданд


Яке аз додгоҳҳои Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.
Яке аз додгоҳҳои Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Дар шаҳри Қарағандаи Қазоқистон рӯзи 10 август ҳукми Ержан Габдуллин, судяи додгоҳи иқтисодии вилояти Қарағандаро эълом карданд.

Додгоҳ ӯро бо айби порагирӣ 9 сол зиндонӣ кард. Ҳамроҳ бо судя ҳуқуқшиноси ширкати "Оливия" Елена Кантер-Скрипкина ҳам зиндонӣ шуд.

Додгоҳ гуфт, судя аз Кантер-Скрипкина "10 ҳазор евро ва се миллион танга пора гирифтааст". Кантер-Скрипкина бо айби "порадиҳӣ" 3 сол зиндонӣ шудааст.

Тафтишот гуфт, ҳуқуқшинос Кантер-Скрипкина аз судя Габдуллин хостааст, ки қарори додгоҳро ба фоидаи ширкати "Оливия" ҳал кунад. Ҳуқуқшинос талош дошт, натиҷаҳои озмуни хариди давлатӣ барои сохтмони манзили зистро ба фоидаи ширкати худ ҳал намояд. Габдуллин барои ин кор пора талаб кардааст.

XS
SM
MD
LG