Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳои сахттар ба зидди Беларус дар солгарди интихоботи ҷанҷолии президентӣ


Корхонаи азими "Беларускалий" дар назди шаҳри Солигорск ҷойгир аст
Корхонаи азими "Беларускалий" дар назди шаҳри Солигорск ҷойгир аст

Рӯзи 9-уми август, ки аз баргузории интихоботи пурбаҳси президентии Беларус як сол пур шуд, Амрико, Бритониё ва Канада дар бораи ҷорӣ кардани таҳримҳои нави тиҷоратӣ ва молӣ алайҳи ин кишвар хабар доданд.

Дар интихоботи як сол пеш мақомот раҳбари худкома Александр Лукашенкаро баранда эълон карданд, вале ин натиҷаҳо мавҷи азим ва бесобиқаи эътирози мардум ва мухолифонро ба бор овард.

Онҳо бовар доранд, ки дар интихобот тақаллуби афзун сурат гирифтааст. Лукашенко, ки аз соли 1994 дар сари қудрат аст, бо саркӯбҳои бераҳмона посух дод.

Ҳомиёни ҳуқуқ дар бораи боздошти 32 ҳазор нафар, аз ҷониби полис латукӯб ва шиканҷа шудани ҳазорҳо эътирозгар дар кӯчаву боздоштгоҳҳо хабар доданд.

Раҳбарони мухолифон ҳабс шуданд ва ё фирор карданд. Светлана Тихановская, ки ба бовари ӯву тарафдоронаш барандаи воқеии интихоботи 9-уми августи соли 2020 буд, ба Литва рафт ва аз он ҷо фаъолиятҳои мухолифонро раҳбарӣ мекунад.

Дар ин як сол худи Лукашенко ва чандин мақомдори хеле наздик ба ӯ мавриди таҳрими Аврупову Ғарб қарор гирифтанд, режими Беларус, ки бештар дар инзиво қарор гирифт, дар ин муддат аз Русия бештар вобаста шуд.

Кохи Сафед гуфт, дар миёни ширкатҳое, ки мавриди таҳрими ахир қарор гирифтанд, корхонаи “Беларускалий” мебошад, ки барои режими Лукашенко даромади азим меорад. Ҷо Байден, президенти Амрико, дар изҳороте гуфт, “ин масъулияти ҳамаи онҳое аст, ки дар ғами ҳуқуқи башар, интихоботи озоду одилона, озодии баён ва мухолифи саркӯб мебошанд”.

XS
SM
MD
LG