Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саудӣ ба оилаи пизишкони фавтида аз коронавирус 133 ҳазор долларӣ медиҳад


Ҳангоми эмкунӣ дар Арабистони Саудӣ
Ҳангоми эмкунӣ дар Арабистони Саудӣ

Расонаҳои расмии Арабистони Саудӣ навиштанд, мақомот барои ҳар кадом хонаводаи пизишконе, ки дар мубориза бо вабои коронавирус фавтидаанд, 133 ҳазор долларӣ пардохт мекунанд.

Дар хабари расмӣ омадааст, ин маблағ ба ҳамаи пизишкон - новобаста аз он ки дар беморхонаи давлатӣ фаъолият мекард ё дар беморхонаи хусусӣ, шаҳрванди Арабистон буд хориҷӣ - пардохт карда мешавад.

Ҳукумати Арабистон гуфтааст, пизишкони фавтида барои ҳифзи сиҳатӣ ва амнияти шаҳрвандони кишвар ҷони худро қурбон кардаанд.

Дар он кишвар то имрӯз 8320 мавриди гирифтории пизишкон ба вабои коронавирус сабт шуда, маълум нест, чӣ теъдод аз пизишкон дар натиҷаи гирифторӣ ба вабо фавтидаанд.

XS
SM
MD
LG