Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Вуҳан дар панҷ рӯз 11 миллион касро аз ташхиси COVID-19 гузарониданд


Вуҳан
Вуҳан

Мақомоти Вуҳан дар Чин, ки вабои коронавирус дар соли 2019 аз он ҷо паҳн шуда буд, баъд аз пайдо шудани гирифтории нави вабо дар он шаҳр гуфтанд, бештар аз 11 миллион касро аз ташхис гузаронидаанд.

Ли Тао, як мақомдори баландпояи Вуҳан, рӯзи 8-уми август гуфт, ташхис, ки панҷ рӯзи пеш шуруъ шуда буд, тақрибан ҳамаи сокинони аз 6-сола болоро фаро гирифт.

"Дар ин шаҳр 37 мавриди сирояти беморӣ ва 41 ҳолати гирифтории бидуни нишона сабт шудааст", -- хабар доданд расонаҳои Чин.

Барои ташхиси сокинон дар Вуҳан 28 ҳазор корманди соҳаи тиб сафарбар шудааст.

XS
SM
MD
LG