Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гирифторони коронавирусро дар Узбекистон ба рухсатии бемузд мефиристанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Расонаҳо менависанд, дар Узбекистон коргаронеро, ки ба вабои коронавирус гирифтор шудаанд, ба рухсатии бемузд мефиристанд.

Дар баъзе аз корхонаҳои дигар коргаронро маҷбур доранд, ки ваксинаи зидди коронавирус бигиранд.

"Давоми се моҳ ду ҳамкори мо ба вабои коронавирус гирифтор шуданд. Ҳоло онҳо дар рухсатии бемузд ҳастанд. Роҳбари мо гуфт, ки бояд ваксина бигирем. Гуфтанд, дар сурати нагирифтани ваксина ба мо маош намедиҳанд", - гуфт як коргари ширкати "Ҳудудгаз" дар вилояти Хоразми Узбекистон.

Пештар аз ин коргарони ширкатҳои дигар дар Узбекистон аз эмкунии иҷборӣ шикоят карданд.

Шикояти коргарон дар ҳолест, ки рӯзи 2-юми август президенти Узбекистон қонун дар бораи ваксиназании иҷбории коргаронро имзо карда буд.

XS
SM
MD
LG