Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба Ҳарбмайдон зиёда аз 10 ҳавопаймо ва чархбол овардааст


Марзи Тоҷикистону Афғонистон
Марзи Тоҷикистону Афғонистон

Фармондеҳии ҳавзаи марказии Нерӯҳои мусаллаҳои Русия мегӯяд, дар машқҳои муштараки Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия дар марз бо Афғонистон беш аз 10 ҳавопаймо ва чархболи он ширкат мекунанд.

"Як гуруҳи ҳавопаймоҳои ҳамлакунандаи Су-25, чархболҳои ҷангии Ми-24, инчунин, чархболҳои борбари навъҳои гуногуни Ми-8 ба ширкат дар ин размоиш ҷалб карда шудаанд. Дар марҳилаи асосии машқҳо пилотҳо бо ҷустуҷӯи пойгоҳҳои пинҳонии душмани эҳтимолӣ машғул шуда, онҳо ва ҷойҳои ҷамъомади нерӯи зинда ва техникаи душманро ҳадафи зарбаҳои мушакӣ ва бомбаборон қарор медиҳанд," -- гуфта мешавад дар изҳороти ситоди ҳавзаи марказии Нерӯҳои мусаллаҳои Русия.

Пештар нерӯҳои Русия тонкҳои худро ба тамрин омода карда буд
Пештар нерӯҳои Русия тонкҳои худро ба тамрин омода карда буд

Дар Хадамоти матбуоти Вазорати дифои Русия ҳамчунин гуфтаанд, чархболҳои нақлиётӣ нерӯҳои тактикии ҳавобурдро ба ҷойи даргириҳо мерасонанд ва роҳҳои дифоъ аз ҳамлаи мушакҳои зиддиҳавоии душмани эҳтимолӣ машқ мекунанд.

Ҳамчунин дар ин амалиёт ҳамкории нерӯҳои мусаллаҳи се кишвар санҷида мешавад.

Дар тамринҳои Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон, ки вобаста ба вазъи Афғонистон баргузор мешаванд, ҷамъан дуним ҳазор сарбозу афсар ва наздик ба 500 техникаи ҳарбӣ истифода шуда, размоиш то 10-уми август идома меёбад.

Навор аз рӯзҳои гузашта:

Русия шумораи бештари сарбозонашро барои тамрин ба Тоҷикистон мефиристад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:19 0:00
XS
SM
MD
LG