Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармоядори амрикоӣ дар Маскав шартан маҳкум шуд


Майкл Калвӣ
Майкл Калвӣ

Додгоҳе дар Маскав муассиси бунёди амрикоии "Baring Vostok" Майкл Калвиро шартан ба панҷуним сол маҳкум кард. Ӯро ба харҷи аз ҳад зиёд дар бонки "Шарқӣ" (Восточний) гунаҳкор карданд. Шаш ҳамкори ӯ ба муҳлати аз сеюним то панҷуним сол зиндонӣ шуданд.

Аммо тавре "Интерфакс" рӯзи 7-уми август хабар дод, Майкл Калвӣ ҳукми додгоҳро қабул надорад ва худро гунаҳкор намеҳисобад. Вай зимни сухани охирини худ дар додгоҳ гуфтааст, ӯ ва шариконашро ба амале айбдор карданд, ки "асос надорад".

Додгоҳ Майкл Калвиро то анҷоми муҳлати шартии ҳукм аз ҳаққи иваз намудани ҷойи зист маҳрум кард.

Додситон ба Калвӣ ва ҳамкоронаш шашсолии зиндон талаб карда буд.

Майкл Калвӣ, сармоягузори бонуфузи амрикоӣ, дар моҳи феврали соли 2019 дастгир шуд. Нисбат ба ӯ ва шариконаш пас аз шикояти саҳмдори бонки "Шарқӣ" (Восточний) Шерзод Юсупов парванда кушоданд.

XS
SM
MD
LG