Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ҷавобгарии қатли раиси Маркази расонаҳои Афғонистонро бар душ гирифтанд


Давохон Менапал ба Маркази расонаҳои Афғонистон роҳбарӣ мекард. Толибон гуфтанд, ки ин куштор кори дасти онҳо аст
Давохон Менапал ба Маркази расонаҳои Афғонистон роҳбарӣ мекард. Толибон гуфтанд, ки ин куштор кори дасти онҳо аст

Дар Афғонистон рӯзи 6-уми август Давохон Менапал, раиси маркази расонаҳои Афғонистон кушта шуд. Сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид дар як паёми хаттӣ масъулияти ин ҳодисаро ба унвонии бахши афғонии Радиои Озодӣ ба дӯш гирифт ва гуфт, ки ин “ҳамлаи ҳадафмандона” буд.

Ин куштор дар ҳолест, ки Шӯрои амнияти СММ рӯзи 6-уми август ният дорад бо дархости Норвегия ва Эстония вазъи Афғонистонро ба баррасӣ гирад. Сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон Мирвайс Станикзай гуфт, “мутаассифона, террористони ваҳшӣ бори дигар даст ба иқдоми ноҷавонмардона заданд ва як афғони ватандӯстро шаҳид карданд”.

Аз ин қабл ҳафтаи ҷорӣ дар як ҳамла ҷангҷӯён манзили иҷрокунандаи вазифаи вазири дифои Афғонистонро ҳадаф қарор доданд. Толибон гуфтанд, ки ин посухи онҳо ба ҳамлаҳои ҳавоии артиши Афғонистон ва нирӯҳои амрикоӣ алайҳи ҳадафҳои ҷангиён мебошад.

XS
SM
MD
LG